Канзи шифо: Чаро чашмони кӯдак олус мешаванд?

Олус, яъне каҷ шудани чашмони кӯдак мушкилест, ки волидонро сахт ба изтироб меорад. Маъмулан, падару модарон бо мушоҳида намудани каҷшавии чашмони тифлакашон аз он ғам мехӯранд, ки олус шудани фарзандашон ба симои зоҳириаш таъсири манфӣ расонида, дар оянда мавриди мазоқу масхараи атрофиён қарор мегирад, вале дар асл мушкилот танҳо дар таъсири каҷшавии чашм ба симои зоҳирӣ набуда, олусӣ метавонад ба саломатии кӯдак низ таъсир расонад. Қисмати ками падару модарон медонанд, ки олусӣ оҳиста-оҳиста метавонад боиси хира шудани чашмони кӯдак гардад, аз ҳамин хотир, мо қарор додем дар ин бора каме маълумот диҳем.

Беморӣ ё фиреби назар?

Қабл аз ҳама бояд зикр намуд, ки баъзан падар ё модар ба чашмаш наздик бурдани бозича ё каҷнамо-яктарафа нигоҳ кардани кӯдакро дида, дарҳол бонги изтироб мезананд, ки фарзандашон олус шудааст. Дар ин асл ин метавонад танҳо фиреби назар бошад ва чашмони кӯдак ягон иллат надошта бошанд, аммо агар ин ҳолат тез-тез такрор ёфтан гирад, ҳатман ба духтури чашм муроҷиат намудан лозим аст, зеро танҳо мутахассисон, офталмологҳо дар асл олус будан ё набудани кӯдакро бо ёрии дастгоҳҳои махсус муайян карда метавонанд.

•  Олусӣ намудҳои гуногун дорад, агар дар баъзе кӯдакони олус ба як нуқта нигаронида шудани нигоҳи ҳар ду чашмон мушоҳида шавад, дар бархи дигар чашмҳо ба самтҳои мухталиф менигаранд ё ба назар чунин мерасад, ки гавҳараки чашмон дар ҷойи муқаррарии худ қарор надошта, ба боло ё ба поин каҷ шудаанд ва ё як чашми кӯдак олусу чашми дигараш бе нуқсон аст. Олусӣ метавонад ҳамчунин ноаён бошад (скрытое косоглазие).  Ташхиси ин навъи олусӣ бисёр душвор аст, зеро ин ҳолатро танҳо вақте метавон мушоҳида намуд, ки кӯдак бо як чашм ба ин ё он чиз бодиққат назар мекунад. Вақте ки бо ҳарду чашм нигоҳ мекунад, олусиашро пай бурдан душвор аст.

•  Хулоса, намудҳои олусӣ хеле зиёданд ва падару модаре, ки маълумоти тиббӣ надоранд, мустақилона олус будан ё набудани чашмони фарзанди худро муайян карда наметавонанд, бинобар ин, ҳатман кӯдакро ба назди духтури чашм бурда, аз ташхиси пурра гузаронидан зарур аст. Офталмологҳо бо ёрии дастгоҳҳои махсус дар асл вуҷуд доштан ё надоштани олусии чашмон, агар кӯдак дар ҳақиқат олус бошад, дараҷаи олусӣ, яъне чанд дараҷа каҷ шудани чашм, намуди олусӣ ва дигар ҷузъиётҳоро аниқ намуда, баъдан вобаста ба ҳолати бемор тарзи табобатро муайян менамоянд. Асосан олусиро бо 3 усул табобат мекунанд.

1.  Тавассути доруву дармон.

2.  Бо ёрии дастгоҳҳои махсус.

3.  Бо усули ҷарроҳӣ.

Маъмулан ҷарроҳӣ танҳо дар ҳолатҳое тавсия дода мешавад, ки беморӣ кӯҳна шудааст ё чашмони кӯдак иллати ҷиддӣ дошта, усулҳои дигар барои аз миён бардоштани ин нуқсон аллакай бесамар хоҳанд буд.

Чаро чашмони кӯдак олус мешаванд?

Чаро чашмони кӯдак олус мешаванд? Ба ин савол ягон муттахассис ҷавоби дақиқ дода наметавонад, чунки олусӣ сабабҳои зиёде дорад. Маъмулан дар кӯдакони то яксола олусӣ бештар бо сабаби дуруст инкишоф наёфтани узвҳои тифл, аз ҷумла узви босира ба вуҷуд омада метавонад. Ба назари модар чунин мерасад, ки чашмакони тифлаки навзодаш гӯё ба ҳар нуқта “шино мекунанд” Агар сабаб дар ҳақиқат дар дуруст инкишоф наёфтани узвҳои кӯдак, махсусан узви босира бошад, аллакай дар 7-80 моҳагӣ ин иллат худ аз худ нест мешавад, чунки маъмулан то шашмоҳагӣ ё яксолагии кӯдак тамоми узвҳои баданаш ба таври зарурӣ инкишоф меёбанд ва ба пуррагӣ фаъолият карда метавонистагӣ мешаванд, вале…

Олусӣ метавонад сабабҳои дигар низ дошта бошад, ки мутаассифона дар чунин ҳолатҳо ин иллат бе табобат, худ аз худ аз байн намеравад. Аз ҷумла аз сар гузаронидани бемориҳои зерин метавонанд боиси олус гаштани чашми кӯдак гарданд:

1.  Дифтерия.

2.  Гулбарорӣ.

3.  Скарлатина.

4.  Мушкилоти ҷиддӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак, ки ба гипоксияи ҷанин вобастагӣ доштанд.

5.  Ирсият-агар падар, модар, бибӣ, бобо ё шахси дигаре аз аъзоёни наздики хонавода мушкили олусӣ дошта бошанд, хатари такрор ёфтани ин ҳолат дар наслҳои минбаъдаи ин авлод ба миён меояд.

Афтодан ё зарба хӯрдан кӯдакро олус мекунад?

Вақте ки олус будани чашмони кӯдак аниқ мешавад, аксари падару модарон худро сафед карда мегӯянд, ки фалон вақт бача афтида буд ё сахт зарба хӯрда, баъди ҳамон чашмонаш якбора каҷ шуданд. Магар дар асл афтодан ё зарба хӯрдан боиси олус шудани чашмони кӯдак гашта метавонад?

Дар посух ба ин савол Леонид Борисович Кононов, табиби офталмолог, духтури дараҷаи олӣ, мудири шӯъбаи микрохирургияи чашми беморхонаи Морозовскии шаҳри Маскав чунин гуфтааст:

“Олус шудани чашмони кӯдак бар асари афтодан ё зарба хӯрдан танҳо дар он ҳолат имконпазир аст, ки кӯдак зарбаи бениҳоят сахт гирифта, дар косахонаи сар ва майнаи сар хунравӣ ба миён омада бошад, пардаҳои майна варам карда бошанд, торҳои асаб вайрон шуда, ҳолати ишемия ба вуҷуд омада бошад. Даъвои баъзе падару модарон дар хусуси он ки бача дар роҳи рост афтид ё аз чизи тарсида, аз ҳуш рафту баъди ба ҳуш омаданаш якбора чашмонаш олус шуданд, афсонае беш нест. Ин чиз танҳо дар кино рӯй дода метавонад!”

Табобатро кай бояд сар кард?

Бо мушоҳида намудани олусии чашми кӯдак ҳатман волидон бояд фарзанди худро ба назди духтури чашм бурда, аз ташхис гузаронанд. Табобати ин иллат дар синни 1-3 солагӣ нисбатан осонтар аст. Дар сурати фориғболии падару модар ва то синни 5-солагӣ аз паси табобати кӯдак нашудан вақт ба муқобили маризи хурдакак кор карда, табобаташ ба маротиб душвортар мегардад.  Аз ҳамин хотир, бори дигар таъкид мекунем, ки барбари мушоҳида намудани олусии чашмони фарзанди худ ҳатман ба табибони офталмолог муроҷиат карда, кӯдакро аз ташхис гузаронед ва мувофиқи фармудаи табибон амал намоед. Духтур ҷарроҳӣ кардан лозим гӯяд, рад накунед. Ҷарроҳии чашм ба хотири аз байн бурдани нуқсони олусӣ чандон душвор нест ва кӯдак баъди он дар муддати начадон зиёд ба худ меояд. Фаромӯш накунед, ки бо анҷом ёфтани ҷарроҳӣ вазифаи шумо ба поён намерасад ва бояд минбаъд аз рӯйи тавсияи табибон амал намуда, тамоми машқҳоеро, ки барои рост шудани чашм ва барқарор гаштани биноиши дурусти чашмони кӯдак заруранд, ҳатман иҷро кардан лозим аст. Табобати ин иллат на танҳо аз табибон, балки аз волидон низ вақту қувваи зиёдеро талаб мекунад, вале нигоҳи рост ва беолоиши чашмони фарзанди шумо ба ҳама бедорхобию талошҳо меарзад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *