Қадри Парчам

Ҳаст моро парчами милливу миллат ҷамъу ҷӯр,

Зери парчам мо ба ҳам гаштем, гашта қавми зӯр.

Парчами миллӣ ҳаме номусу нанги миллат аст,

Ҷилвагар болои кишвар медурахшад пур зи нур.

Парчами миллӣ баланд афрохта дар пойтахт,

Шуълаи ваҳдат намоён аст аз наздику дур.

Парчами миллӣ ба кишвар дод истиқлолият,

Зери он ободию озодию савту сурур.

Парчами миллӣ бигашта рамзи ҳар як хонадон,

Лаб зи номи дилкашаш ширин шуда дар коми шӯр.

Парчами миллӣ виқори марш дар артиши мо,

Ҳомиёнро зери он савганди ҳақ хӯрдан зарур.

Парчами миллӣ, садо зераш диҳад Гимни Ватан,

Қалб ояд дар хурушу тоза мегардад шуур.

Парчами миллӣ, ҷило се ранги ӯ бидҳад ҳаме,

Шуълаи афтобро монад ва ё оташ зи қур.

Парчами миллӣ, Ниҳонӣ, як виқору як шиор,

Ин бигӯ такрор дар ғайбу ниҳон, ҳам дар ҳузур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *