Аз истеҳсоли барзиёд то миёнаравҳо. Посухи Вазорати кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Нархи тухм боло меравад, аммо масъулин ба замин менигаранд!”-ро, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз 03.11.2022 нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзӣ ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 215 адад корхонаҳои парандапарварӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 102 адад дар самти истеҳсоли тухм, 99 адад истеҳсоли гӯшт, 8 адад истеҳсоли гӯшту тухм ва 6 адад истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза фаъолият доранд.

Айни замон корхонаҳои парандапарварӣ бевосита дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ қарор надошта, танҳо КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”-и вазорат бо ин корхонаҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 995,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 162,2 млн дона (19,5%) зиёд мебошад.

Истеҳсоли гӯшти паранда бошад, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 38,7 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 4 ҳазор тонна ё 11,8 фоиз зиёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо назардошти зиёд гардидани истеҳсоли тухм ва паст будани нархи фурӯши он дар асоси муроҷиати чандинкаратаи корхонаҳои парандапарварӣ ҷиҳати дастгирии онҳо барои содироти тухм ба хориҷи кишвар розигӣ дода шуд. Мутобиқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми июли соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 943 тонна (16,0 млн дона) тухм содирот карда шуда, айни замон бо мақсади таъмини бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содироти тухм дида намешавад.

Айни замон нархи фурӯши яклухти тухм дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи парандапарварии “Мурғи Саман”-и шаҳри Кӯлоб, “Мурғи Порсиён”-и Леваканд, “Мурғи Хуросон”-и Хуросон, “Мурғи Ҳамадон”-и Ҳамадонӣ, “Паҷрӯд”-и Панҷ, “Мурғи Ҳилол”-и Файзобод, Ҳисор аз 1,15 то 1,20 сомонӣ ва дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд, аз он “Парандапарвар-2017”, “Чӯҷаи Заррин”, “Парандапарварии Хуҷанд” ва “Ваҳидов А”-и ноҳияи Б. Ғафуров, “Амири Хуҷандӣ”-и Ҷаббор Расулов, “Парандапарварии Мастчоҳ” ва “Афранг”-и Мастчоҳ, “Ҳоҷи Рауф”-и Деваштич ва “Симурғ”-и Истаравшан аз 1,10 то 1,20 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки баланд гардидани нархи молу маҳсулот, аз ҷумла тухм дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз зиёд шудани хароҷоти истеҳсолӣ вобастагии зич дорад. Барои таъминоти корхонаҳои парандапарварӣ ашёи хом, аз ҷумла гандум, кунҷораи лӯбиё, орди гӯшту устухон, иловаҳои минералӣ ва дигар маводҳо барои истеҳсоли хӯроки омехта, дорувориҳои пешгирикунандаи зидди бемориҳои сироятӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, арзиши хӯроки паранда (ба истиснои ҳамлу нақл) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2 то 20 фоиз боло рафтааст, ки ба арзиши аслии тухм таъсири худро расонида истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки савдои тухми паранда дар бозорҳои шаҳри Душанбе бинобар сабаби аз шаҳру ноҳияҳои гуногун дастрас шудан ба арзиши нархи фурӯши он таъсир мерасонад. Тавре аз натиҷаи мушоҳидаҳо бармеояд, бо назардошти аз якчанд даст гузаштан (миёнаравҳо) то нуқтаҳои фурӯш нархи 1 дона тухм 40-45 фоиз афзоиш меёбад.

Дар баробари ин, Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли тухму гӯшти паранда баҳри фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми тадбирҳои судмандро андешида истодааст.

М. Б. МИРЗОЗОДА,

муовини якуми вазири кишоварзии ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *