Канзи шифо: Чаро риш дароз намешавад?
Баъзе мардон бо мушкилоти дароз нашудани риш дучор мегарданд. Риши тоифаи аввал танҳо то андозаи муайян дароз мешавад, дар тоифаи дуюм риш чандон ғафс намешавад, дар рӯйи тоифаи сеюм бошад, умуман риш намебарояд.
Сабаби риш набаровардан бо халалёбиҳои ҳормонӣ алоқамандӣ дорад. Барои ташхиси сатҳи ҳормонҳо ба духтури эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст. Ҳамзамон афзоиши номукаммали риш бо бемориҳои ғадуди сипаршакл алоқамандӣ дошта метавонад.
Аксаран сабаби мушкилоти афзоиши риш ирсӣ мешавад. Агар падар ё бобо риши ғафс надошта бошанд, ин мушкилӣ дар наслҳои ояндаашон зуҳур менамояд. Чун қоида аллакай дар синни наврасӣ ин мушкилиро муайян кардан мумкин аст.
Аз ин рӯ, агар риши мард чандон ғафс набошаду ин ҳолат заррае ӯро мушавваш намесохта бошад, ба табиб муроҷиат кардан шарт нест. Ин хатарнок нест ва зараре ҳам надорад. Ба табиб вақте муроҷиат кардан лозим аст, ки афзоиш ва ғафсии риш яку якбора тағйир меёбад. Вақте риш ғафс бошаду баногаҳ ба рехтан сар кунад ё дар ҳолатҳое, ки риш нобаробар баромада, пора-пора канда мешавад. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо муайян сохтан лозим аст, ки дар организм чӣ ҳодиса рух медиҳад. Вобаста ба сабабҳои вуҷуддошта табиб табобатро ба роҳ мемонад. Агар сабаб дар тағйироти ҳормонӣ бошад, табобатро табиби уролог ё эндокринолог ба роҳ мемонад. Табиб дорувориҳои барои барқарорсозии мувозинаи ҳормонҳо лозимаро муайян месозад ва афзоиши риш ба эътидол меояд. Агар мушкилӣ косметикӣ бошад, онро бо кумаки косметолог ва сӯзандоруҳо рафъ сохтан мумкин аст. Айни замон дар дорухонаҳо миқдори зиёди воситаҳоеро дастрас кардан мумкин аст, ки афзоиши мӯйро метезонанд. Вале қабл аз истифода бурдани ин дорувориҳо машварати табиб ҳатмӣ аст. Зеро на ҳамеша воситаҳои барои афзоиши мӯйҳо пешбинишударо ба пӯсти рӯй молидан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ