Канзи шифо: Харобшавӣ ба воситаи ҷарроҳӣ

Табибони тоҷик се нафар гирифторони фарбеҳиро ҷарроҳӣ карданд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон табибони тоҷик бо кумаки ҳампешагони худ аз Туркия бори аввал се амалиёти ҷарроҳии буриши меъдаи беморони гирифтори фарбеҳиро бомуваффақият анҷом доданд.

Вазорат гуфт, ки ин се ҷарроҳӣ дар пайи аз давраҳои бозомӯзӣ дар беморхонаи Мемориали шаҳри Истанбули Туркия гузаштани се табиб аз Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муяссар шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар иттилоияаш гуфт: “Пас аз дастрас намудани таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ табибони Тоҷикистону Туркия дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ба се нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ амали буриши меъдаро бомуваффақият гузарониданд ва дар ҳолати кунунӣ, ки шабонарӯзҳои пас аз ҷарроҳӣ аст, ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш буда, беморон дар ҳудуди бистар ва ҳуҷра фаъол мебошанд. Бояд гуфт, ки амалиёти мазкур ба таври лапораскопӣ, бе буриши калони шиками бемор гузаронида шуд, ки ин як дастовард дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал гузаронида мешавад ва дар оянда дар нақша аст, ки ба беморон гузаронидани чунин навъи амалиёт дар ин муассиса васеъ ба роҳ монда шавад”.

Табиби ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, номзади илмҳои тиб Фатҳулло Боқиев, ки дар давраи бозомӯзӣ дар Туркия низ иштирок дошт, мегӯяд, амалиёти бариатрикӣ аз гурӯҳи амалиётҳое мебошад, ки дар беморони гирифтори фарбеҳӣ ва оқибатҳои он гузаронида мешаванд. Яъне ҳаҷми узвҳое, ки дар системаи ҳозима аст, аз ҷумла меъда хурд карда мешавад, ки дар натиҷа вазни зиёдатӣ дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад.

“Айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиётҳо мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд, ё ба истилоҳи дигар онро “слив резексия” меноманд. Барои иҷроиши амалиёти мазкур қисми зиёди меъда бурида гирифта мешавад ва ҳаҷми истеъмоли хӯрок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин, якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки каме системаи ҳозимаро дигар мекунад ва роҳи хӯрокхӯриро кам мегардонад, низ мавҷуданд, ки пас аз иҷроиши амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондоди беморони диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд”,- меафзояд ӯ.

Дар солҳои охир масъалаи зиёд шудани фарбеҳӣ миёни аҳолӣ мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *