“Ситора”-и C.ONE ва Farzin нашр шуд

Рэп-таронаи деринтизори рэпсароён C.ONE ва Farzin ахиран яку якбора дар ду саҳифа, ҳам ютубканали C.ONE ва ҳам Farzin нашр шуд.

На ситора,

Ӯ мада на ошиқу на ёри вафодорай,

Ӯ мисли раъду барқу мисли барфу боронай.

Қадамзаниша бинен, ҳо, духтар туфонай,

Эй бача, туфонай.

Мисраъҳои мазкурро як моҳ инҷониб ҳаводорони рэп мешунаванд ва интизор буданд, ки кай шакли пурраи он нашр мешавад.

Farzin то ҳадди C.ONE машҳуру мухлисдор набошад ҳам, дар ин рэп тавонистааст “куплет”-и худро бо маҳорати баланд иҷро кунад ва то андозае мухлисону ҳаводорони C.ONE-ро ба худ ҷалб намояд.

Хосияти хуби чунин рэпҳои дуовозӣ ҳам ҳамин аст, ки ба воситаи як иҷрокунандаи маъруф иҷрокунандаи дигар шинохта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *