Маърифати исломӣ: Биҳишту дӯзах дар куҷоянд?

Ҳама мо мусалмонон бовар дорем, ки баъд аз марг бандагони Худо ба биҳишт ё дӯзах мераванд. Мехостам донам, ки биҳишту дӯзах дар куҷо ҳастанд ва оё онҳо ҳам сайёраанд?

САВРИДДИН, шаҳри Ҳисор

Посух:

— Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси саҳеҳ мегӯянд: «Ҳар гоҳ шумо аз Худо талаби ҷаннат кардед, Ҷаннатул фирдавсро талаб кунед. Зеро Ҷаннатул фирдавс беҳтарин ва баландтарин манзилати ҷаннат аст ва болои он Арши Парвардигор аст (ривояти Бухорӣ).

Имом Бағавӣ аз ҳазрати Анас ривоят мекунад, ки шахсе аз эшон пурсид: Оё ҷаннат дар замин аст ва ё дар осмон? Анас гуфт: Кадом замину осмон метавонад ҷаннатро ғунҷонад? (Яъне, ҷаннат ба ҳадде бузург аст, ки осмону замин қудрати ғунҷоиши онро надоранд). Мард пурсид: Пас, ҷаннат дар куҷост? Ҳазрати Анас гуфт: Болои осмонҳо дар зери Арши илоҳӣ.

Асрҳои пеш аз кашфиёти илмӣ мушрикину кофирҳо оёт ва ҳадисҳои дар бузургии ҷаннату дӯзах омадаро афсона гуфта, масхара мекарданд ва мусалмононро дар шубҳа меандохтанд, вале имрӯз илм сайёраҳоеро кашф кардааст, ки аз замин миллионҳо маротиба бузургтар аст. Пас, оё Худое, ки ин саёраҳоро бо ин бузургӣ халқ кардааст, қодир нест ҷаннатро аз ин ҳам бузургтар халқ кунад?

Макони дӯзах дар замини ҳафтум аст. Аз Ибни Масъуд ва Ибни Аббос ривоят аст, ки эшон гуфтаанд: Ҷаннат болои осмони ҳафтум аст ва дӯзах дар замини ҳафтум (ривояти Байҳақӣ ва Абунуъайм). Далели ин гуфта ояи 7 сураи Мутаффифин аст. Худо дар ин оят мегӯяд: «Китоби фоҷирону кофирон дар сиҷҷин аст». Сиҷҷин ҳамчуноне, ки уламо мегӯянд, замини ҳафтум аст. Инчунин дар оятҳо ва аҳодис омадааст, ки дарҳои осмон барои кофирону фоҷирон кушода намешавад. Далелҳо далолат бар он мекунанд, ки дӯзах дар замин аст.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *