оила

Машварати ҳуқуқӣ: Кӯдак ҳуқуқи муошират бо падарашро дорад?

Дар ҳолати ҷудо зиндагӣ намудани ҳамсарон, кӯдак ҳуқуқи муошират намудан бо падарашро дорад ё не?

НЕКНОМ, шаҳри Ҳисор

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи Кодекси оила, кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.

Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад. Бо назардошти ин меъёри қонун, ҳамсаре, ки кӯдак бо ӯ истиқомат мекунад, ҳуқуқ надорад, ки барои муошират намудани кӯдак бо падар ва дигар хешу табораш монеагӣ намояд.

Агар яке аз волидайн барои муоширати кӯдак бо падар, модар ё дигар хешутабор монеагӣ намоянд, чунин волидайн ҳуқуқ доранд, ки бо аризаи даъвогӣ дар бораи муайян намудани тартиби муошират бо кӯдак ба суд муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *