Канзи шифо: Кадом маҳсулот нури дидаро меафзояд?
Мушкилоти хирашавии чашм имрӯз бисёриҳоро азият дода, ҳатто кӯдакон низ ба ин иллат гирифтор мешаванд. Табибон бар он назаранд, ки омили асосии ҳар гуна беморӣ набудани витамини кофӣ дар организми инсон мебошад.
Табиист, ки таркиби меваю сабзавоти тару тоза аз намудҳои гуногуни витаминҳо бой буда, барои саломатии инсон хеле муфиданд.
Оё шумо медонед, ки кадом меваҳо биниши чашмҳоро зиёд ва хирашавии чашмонро пешгирӣ менамоянд?
Ба ин савол табиби рус Валентина Меркулова ба сомонаи телевизиони «Мир 24» посух додааст.
Сабзавоту меваҳои гуногун ва дигар хӯрданиҳои лазизи дорои витаминҳо, каротиноидҳо, микроэлементҳо барои биниш хеле муфиданд.
«Инҳо барои чашм муфиданд: моҳӣ, гӯшт, тухм, чормағз, лӯбиёгӣ, меваҳои ситрусӣ, кабудӣ, сабзавот ва меваҳои гуногун, зайтун, равғани зайтун ва маҳсулоти ширӣ»,- гуфтааст Валентина Меркулова.
Муттахассис қайд кардааст, ки сабзавоту меваҳои гуногун манбаи каротиноидҳо, лютеин ва зеаксантин буда, аз ин моддаҳо махсусан нахӯд, каду ва писта бой мебошанд. Моддаҳои мазкур дар зардии тухм низ мавҷуданд.
«Каротиноидҳо пардаи чашмро аз шуоъҳои ултрабунафш муҳофизат мекунанд»,- мегӯяд духтур.
Меркулова таъкид кардааст, ки моҳии серравғани баҳрӣ, равғани моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ, зағир ва тухм, инчунин навъҳои гуногуни равғани растанӣ, спанак ва алафҳои баҳрӣ аз кислотаҳои равғании омега-3 бой мебошанд. Омега-3 ба микросиркулятсияи ретина таъсири судманд мерасонад ва ҳамчун ҷузъи сохтории мембранаҳои ҳуҷайраи он амал мекунад.
“Ҳамаи ин маҳсулот ба ғизои ҳаррӯзаи инсон арзиши ғизоӣ зам мекунанд ва барои безарар гардонидани камбуди ғизо кумак мерасонанд, аммо бемориҳои мавҷудаи чашмро табобат карда наметавонанд, вале бо вуҷуди ин, аз парҳези мутавозин барои чашм манфиат гирифтан мумкин аст»,- гуфтааст духтур.
— Беҳтарин ва муфидтарин чиз барои чашм — ин ғизои дуруст ва машқҳои мунтазам хоҳад буд,- хулоса кардааст коршинос.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ