Канзи шифо: Киҳо аз нури офтоб бояд пинҳон шаванд?

Имрӯзҳо гармии бесобиқаи ҳаво аҳолии кишварро ба ташвиш овардааст. Мо дар боби чӣ тавр дар ҳавои гарм аз бемориҳо эмин мондан бо духтури оилавӣ Санавбар Отамуродова суҳбати судманде оростем.

— Сароғоз ҳамчун табиб мегуфтед, ки ҳавои гарм бештар ба киҳо таъсири бад дорад?

— Воқеан, имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёраи Замин гармии бесобиқа ба назар мерасад. Албатта гармии аз меъёр зиёд ба хурду калон бетаъсир нест, аммо бештар ба кӯдакони аз 1 то 5-сола ва пиронсолон, ҳамчунин ба шахсоне, ки ба бемориҳои музмин, аз ҷумла ба касалиҳои дил, аллергия, астма, бемориҳои меъдаю рӯда ва фишорбаландӣ гирифтор ҳастанд, таъсири хеле сахт мерасонад. Азбаски нафарони зикршуда иммунитети паст доранд, ҳавои гарм ҳоли онҳоро бадтар гардонида, боиси хурӯҷ кардани бемориашон мегардад. Имрӯзҳо теъдоди муроҷиаткунандагон бо офтобзанӣ низ хеле афзудааст.

— Чӣ бояд кард, то аз таъсири ҳавои гарм эмин монд?

— Пеш аз ҳама истеъмол кардани оби зиёд муҳим аст, зеро гармии тоқатфарсои офтоб оби бадани инсонро кам мекунад. Дар гармо нӯшидани шарбатҳои гуногун, чойи лимӯ, оби ҷӯшомадаи хунуккардашуда аз манфиат холӣ нест. Обҳои газнок тавсия дода намешаванд. Зуд-зуд бо оби ширгарм ҳаммом кардан низ зарур аст. Мардум бояд ҳаракат кунанд, ки аз зери шуоъҳои сӯзони офтоб дуртар гашта, дар ҷойҳои соя гаштугузор намоянд. Чатрҳои тобистона доштан аз манфиат холӣ нест. Дар ин гармо кӯдакон, пиронсолон ва беморон бояд кӯшиш кунанд, ки бе зарурат ба кӯча набароянд.

Ба шахсе, ки аз таъсири офтоб бемор шудааст, чӣ гуна кумаки аввалия расонидан мумкин аст?

— Чунин одамон бояд ба зудӣ ба духтур муроҷиат кунанд. То ба духтур рафтан ё омадани духтур беморро дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, об ё нӯшоба додан лозим аст. Бо оби на он қадар хунук сару рӯяшро тар кунанд, фоида дорад. Истеъмоли оби зиёд ба шахси офтобзада муфид аст. Бо воситаи арақкунӣ бештари моддаҳои бадан ихроҷ мешаванд, аз ҳамин хотир бо нӯшидани нӯшобаҳо мо бояд ҷойи онҳоро пур кунем.

Ба гирифторони касалиҳои дил ва фишорбаландӣ чӣ тавсия медиҳед?

— Нафароне, ки бемории дил ё фишорбаландии шараёнӣ доранд, вале маҷбуранд, ки кӯча бароянд ё ба ягон ҷо сафар намоянд, тавсия медиҳам, ки ҳатман доруҳои фармудаи табиби худро ҳамроҳашон бигиранд ва доим бо худ оби бегаз дошта бошанд. Либосҳои аз матоъҳои табиӣ дӯхташуда ва сабукро ба бар намоянд.

Барои кӯдаконе, ки аз гармии ҳаво шикамрав шудаанд, чӣ гуна ёрӣ расонидан мумкин аст?

— Мо ба аксари оилаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, регидирон тавсия додаем, ки ин барои бемор муҳим аст. Агар регидирон набошад ва роҳи дорухона ё беморхона дур бошаду вақти зиёд талаб кунад, дар ин ҳолат дар як литр об чор қошуқча намак, як қошуқча шакар, аз чор як ҳисса (дар қошуқча) сода андозанд ва то омадани духтур аз ҳамин об кам-кам ба кӯдаки бемор нӯшондан гиранд, барои шикамрав ва офтобзада фоида дорад.

Мусоҳиб: А. ШОДИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *