мавиз

Канзи шифо: Мавиз — давои камхунӣ

Мавиз ангури хушконида мебошад ва истеъмоли он яке аз усулҳои табобатии қадима буд.

Мавиз ҳақиқатан ҳам хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурўҳи В, витамини С, минералҳое ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо бой аст.

Минерали асосии мавиз оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат мекунад. Минералҳои боқимондаи мавиз фоидаи табобатии худро ба инсон мерасонанд. Масалан, калий ба дил, калтсий ба дандону устухон, фосфор ба чашм шифо мебахшанд. Гурўҳи витаминҳои В ҳолати маҷмӯи асабро муътадил мекунад. Витамини С бошад, дар фасли зимистон хусусиятҳои ҳимоягии организмро тақвият мебахшад.

Мавиз маводи серкалория мебошад, таркиби мавиз аз фруктоза ва сахароза бой — 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ҳамин рў, шумо бояд донед: нафароне, ки ба вазни худ аҳамият медиҳанд ва нафароне, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд, ҳатман бояд кам мавиз истеъмол намоянд, ё ин ки аз он пурра даст кашанд.

Дар вақти харидории мавиз ба думчаи мавиз диққат диҳед. Он набояд кандашуда бошад. Дар мавриди кандашавии думчааш, мавиз шираи худро гум мекунад ва сифаташ паст мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *