об

Канзи шифо: Об душмани фарбеҳист

Ба гуфтаи олимон, оби тоза беҳтарин нӯшокии рӯйи замин барои беҳдошти саломатӣ ва рафъи фарбеҳӣ аст.

Таҳқиқоти бар асоси маълумотҳои Тадқиқоти Миллии Тандурустӣ (NHANES), ки дар «Annals of Medicine Family» нашр шудааст, робитаи байни истеъмоли нокифояи об ва фарбеҳиро муайян кардааст. Ин нишон медиҳад, ки гидратсияи хуб дар идоракунии вазн нақши ҳалкунанда дорад.

Ним соат қабл аз истеъмоли хӯрок нӯшидани як истакон об имкон медиҳад, ки иштиҳо гум шавад ва одам хӯрок кам бихӯрад.

“Оби зирадорро санҷед»,- мегӯяд диетолог Триста Бест. Шумо метавонед дар хона бо истифода аз тухми хушки зира оби зирадорро тайёр кунед. Зираворҳои аз антиоксидант бой иммунитет ва саломатии рӯдаҳоро беҳтар мекунанд, илтиҳоб ва хатари саратонро коҳиш медиҳанд. Агар дар бадани шумо сатҳи баланди шакар бошад, ҳуҷайраҳо метавонанд глюкозаро аз миқдори зарурӣ захира кунанд ва онро ба равған табдил диҳанд. Шабона як қошуқ тухми зираро дар як пиёла об гузоред. Субҳ омехтаро тақрибан панҷ дақиқа ҷӯшонед. Вақте ки об хунук мешавад, тухмҳоро ҷудо карда, обро нӯшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *