оила

Машварати ҳуқуқӣ: Фикри кӯдаки чандсола ба эътибор гирифта мешавад?

Оё кӯдак метавонад фикру ақидаи худро оид ба масъалаҳои тарбияи ӯ изҳор намояд? Фикри кӯдаки чандсола ба эътибор гирифта мешавад?

САМАНДАР, ноҳияи Ёвон

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи Кодекси оила, кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд.

Зимнан ёдрас менамоем, ки муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *