Суруди нави Шабнами Сурайё аз чӣ мегӯяд?

Шабнами Сурайё, сарояндаи саршиноси кишвар дар ютубканали худ суруди навашро бо номи “Ишқ” нашр кард.

“Ишқ”-ро мардум, махсусан ҳаводорони санъати эстрадӣ хуб пазруфтанд. Ҳамин буд, ки дар ду шабонарӯз наздики 300 ҳазор маротиба дар як саҳифаи ютубӣ бозбинӣ шуд.

Мазмунан матни суруд аз чӣ будани ишқ ва душвориҳояш барои дилдодагон қисса карда, шириниву талхии ин ҳиссиётро бозгӯ мекунад.

Ҳамчунин, корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Инстаграм” дар саҳифаҳои худ акс ё видеоҳояшонро зери порчаҳои суруди мазкур нашр карданд, ки дар ҳоли ҳозир дастгирӣ ва ҳамчун ҳамрайъӣ ҳисобида мешавад.

Илова бар ин, дигар овозхонову блогерон низ дар “сториз”-ҳояшон бо нишон додани линки суруд пораи онро нашр карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *