Канзи шифо: Пневмококк ба менингит гирифтор месозад?
Тайи ду ҳафтаи охир дар аксари беморхонаҳои пойтахт кӯдаконро ба муқобили пневмакокк “прививка” карда истодаанд. Аксар вақт баъди ваксина гирифтан кӯдакон бемор мешаванд, аз ҳамин сабаб ман дудила ҳастам, ки духтарчаи навзодамро ба эмгузаронӣ барам ё не. Мехоҳам донам, ки ин ваксина барои чӣ лозим аст? Умуман, худи пневмакокк чист ва чӣ хатар дорад? Илтимос, дар ин бора маълумоти муфассал диҳед.
ТАҲМИНА, сокини шаҳри Душанбе
Хоҳари азиз, Таҳминабону! Маслиҳати мо ба шумо ва дигар модарон ҳамин аст, ки ҳатман фарзандони худро барои эмгузаронӣ баред, зеро пневмакокк метавонад кӯдакро ба бисёр бемориҳои шадид гирифтор созад.
Пневмакокк чист?
Пневмакокк- streptococcus pneumoniae як нав бактерияи хатарноке мебошад, ки дар сурати рҳ ёфтан ба организми инсон харобкориҳои зиёде менамояд ва пеш аз ҳама ба роҳҳои нафас осеб мерасонад. Пневмакокк барангезандаи бемориҳои сироятӣ буда, боиси сар задани илтиҳоби шуш, сепсис ва миненгит барин касалиҳои вазнин гашта метавонад.
Пневмакокк чӣ тавр ба организми инсон меафтад?
Пневмококкҳо бактерияҳои хеле паҳншуда ва беҳисоб буда, сари ҳар қадам вомехӯранд. Инсон метавонад дар хона, дар кӯча, дар роҳ, дар корхона, дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз ин бактерияҳо сироят ёбад, чунки пневмаккок бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ ҳангоми атса задан, сулфидан ва ҳатто нафаскашӣ аз одами бемор ба одамони солими дар атрофаш буда ба осонӣ мегузарад.
Кӯдакон ва мӯйсафедон дар гурӯҳи хатар
Тавре ки аллакай ишора кардем, бактерияҳои пневмакокк асосан тавассути роҳҳои нафас ба организми инсон роҳ меёбанд. Аз касе пӯшида нест, ки организми кӯдакон, махсусан тифлакони то сесола ва пиронсолон нисбати дигарон хеле заифтар аст, аз ҳамин сабаб ин ду тоифа дар гурӯҳи хатар қарор дошта, хавфи сироятёбиашон зиёд аст. Вақте ки қувваи муҳофизатии организм суст аст, пневмакоккҳо дар ҷисми инсон хеле зуд инкишф ёфта, иллатҳои гуногуни роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш, сепсис ва менингит барин касалиҳои хатарнокро ба вуҷуд меоранд, ки дар сурати сари вақт ташхис ва табобат накардан метавонанд оқибатҳои нохушро ба бор оваранд.
Чаро кӯдаконро эм мекунанд?
Пневмакокк на танҳо аз одами бемор, балки аз одамони ба назар солими ин инфексияро дошта низ метавонад ба атрофиён гузарад. Ҳайрон шудед? Гап дар сари он аст, ки пневмакокк вақте ба организми инсон афтид, асосан дар бинӣ, гулӯ ва роҳҳои дигари нафас макон мегирад. Иммунитети одам агар пурқувват бошад, бактерияҳо ба ӯ таъсир расонида наметавонанд ва кас худаш аз он ки дар ҷисмаш пневмакоккҳо зиндагӣ мекунанд, бехабар мемонад. Ин ҳолат барои одамони дигари дар атрофаш буда, махсусан барои кӯдакони хурдсол ва пиронсолон бисёр хатарнок аст, зеро онҳо ҷисман заиф ҳастанд ва ба осонӣ аз пневмакокк сироят ёфта, ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шуда метавонанд. Ошкортар бигӯем, мо худамон инро нафаҳмида, метавонем фарзандони хурдсол ва падару модари кӯҳансоламонро аз пневмакокк сироят намоем, бинобар ин, кӯдакон ва пиронсолон, яъне одамони аз 65-сола боло бояд ба муқобили ин беморӣ эмгузаронӣ, яъне ваксинатсия карда шаванд.
Пневмакокк кадом бемориҳоро ба вуҷуд меорад?
Инфексияи пневмакокк махсусан барои кӯдакони то дусола, одамони иммунитеташон, яъне масунияти баданашон суст, гирифторони бемориҳои мунзим, куҳансолон, шахсоне, ки аз касалии саратон азият мекашанд, ҳамчунин барои одамони сигоркаш хатарнок мебошад. Вақте ки пневмакокк ба организми инсон роҳ меёбад, дар ҷисми заиф бемориҳои сироятии зеринро ба вуҷуд оварда метавонад:
1. Илтиҳоби шуш, пневмония.
2. Илтиҳоби пардаи луобии бинӣ.
3. Илтиҳоби пардаи гӯш.
4. Энцефалит, илтиҳоби пардаи майна ва ё менингити зардобдор, ки бемории бисёр хатарнок буда, беморро то ба марг расонида метавонад.
Нишонаҳои пневмакокк
Хатари асосии пневмакокк дар он аст, ки дар сурати заиф будани организм ин бактерияҳо метавонанд ба хун гузаранд ва тавассути хун ба дигар узвҳои инсон низ роҳ ёфта, бемориҳои зиёдеро ба вуҷуд оранд, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини пневмакокк ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Нишонаҳои зерин аз роҳ ёфтани пневмакокк ба организми инсон аз худ дарак медиҳад:
1. Душвор шудани нафаскашӣ, пайдо шудани дард дар қафаси сина ва сулфа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бар асари пневмакокк аллакай пневмония сар шудааст.
2. Табларза, дилбеҳузурӣ, эҳсоси вазнинии сар ва гардан ва дарди шадиди сар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки пневмакокк миненгитро ба вуҷуд оварда истодааст.
3. Дарди гӯш ва баланд шудани ҳарорати бадан аз илтиҳоби гӯш бар асари пневмакокк дарак медиҳад.
Тарзи табобат
Пневмококк асосан бо ёрии антибиотикҳо табобат карда мешавад. Дар сурати сари вақт аз паси табобат шудан дар муддати начандон зиёд бемор шифо меёбад, вале дар ҳоли зоҳир намудани бепарвоӣ табобати бемориҳое, ки дар асари пневмакокк пайдо шудаанд, хеле тӯл кашида, бемор метавонад ба беморхона афтад. Аз ҳамин хотир, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки кӯдакони худро ҳатман ба муқобили пневмакокк эмгузаронӣ кунед ва дар сурати мушоҳида намудани нишонаҳои дар боло зикршуда ҳатман сари вақт ба табибон муроҷиат намоед!
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ