Канзи шифо. Роҳҳои раҳоӣ аз бехобӣ

Ду сол боз аз бехобӣ азият мекашам. Вақтҳои охир то доруи хобро нанӯшам, хобида наметавонам. Мехоҳам донам, ки бехобиро бо усулҳои халқӣ табобат кардан имкон дорад ё не?

ФИРӮЗА, шаҳри Ҳисор

Ба саволи хонанда номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ посух медиҳад:
Аз бехобӣ дар гӯшаю канорҳои гуногуни сайёра миллионҳо одамон азоб мекашанд ва бинобар гуногунии сабабҳои пайдоиши он усули муайяни табобати ин беморӣ нест.

Аз бехобӣ бештар одамоне азоб мекашанд, ки системаи асабашон нисбатан суст буда, зуд ба ҳаяҷон меоянд. Бехобӣ ба асаб вобаста бошад, қабл аз хоб бо меҳнати ақлонӣ машғул нашавед. Барвақт хӯрок истеъмол намуда, барвақт хобидан (соатҳои 9-10-и шаб) ва бегоҳӣ хӯроки сабуктар истеъмол кардан лозим. Ним соат қабл аз хоб ваннаи ширгарм қабул намудан (ё пойҳоро ба оби хунук гузошта гирифтан) фоидабахш аст. Бехобӣ агар бар асари камхунӣ бошад, ба зарфҳои шишагӣ оби гарм рехта, ба паҳлуи пойҳоятон гузоред, манфиати хуб мебахшад.

Метавонед ин усулҳои табобати халқиро ҳам санҷида бинед: Қабл аз хоб ба як пиёла оби ҷӯшидагӣ (на чой) ё ба шири ҷӯш 1-2 қошуқча шакар ё асал илова намуда нӯшед. Дамламаи решаи растании нардсунбулро (валериана) нӯшед. (Як қошуқча решаи майдакардаи нардсунбулро дар 1 пиёла оби ҷӯшидагӣ 20 дақиқа дам партоеду пасон нӯши ҷон созед).

Қабл аз хоб ним соат дар ҳавои тоза пиёда сайр намоед. Ба доруҳои хоб майл нанамуда, асабҳоро ором созед ва барои хобидан кӯшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *