Канзи шифо: Шалғам давои 10 беморӣ
Шалғам растании доруии қадимист ва манбаи витамини С (то 63 мг %) аст. Дар он витаминҳои Bi, В, РР, каротин низ мавҷуданд. Дар шалғам 3,8-9% қанд, 0,4-2% сафеда, намакҳои минералӣ ва ғ. ҳастанд.
Хислатҳои шифобахши он: бехрешаи он, яъне қисми зеризаминиашро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо пурқувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро қавӣ мегардонад, ба таом иштиҳо меоварад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда, ба воситаи пешоб мерезонад, худи пешобро низ меронад.
Шалғамро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, рутубати ғализи баданро рақиқ, яъне суюқ мегардонад ва ҳамаи узвҳои даруни сина ва шикамро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад ва ҳангоми хӯрдан боднокиаш барҳам мехӯрад.
Баргҳои нозуки онро пухта бихӯранд, агарчи душворҳазм аст, вале дар амали рондани пешоб қавитар аз қисми заминиаш мебошад, инчунин шикамро пурбод мекунад. Ин хислати бади он ба воситаи истеъмоли мурч, зира ва шириниҳо ислоҳ карда мешавад.
Решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубест. Ва агар он решаҳоро дар об пухта, лат карда, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳдил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ