Сари сабз. Бингар ки, кӣ мегӯяд…..

Шодимуҳаммад СӮФИЗОДА, доктори илмҳои филологӣ

— Ҷамъе аз ширкаткунандагони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» шеърҳои зиёде аз бар кардаанд, аммо, ба истилоҳ «қориазёд» кардаанд, маънои калимаи соддаеро, ки рӯзона чандин бор онро мешунаванд, мепурсед, намедонанд.

— Аҷаб эроде гирифтед, ҷаноби доктор! О, мо мӯйи сарамон сафед шуду ҳоло ҳам маънои бисёр калимаҳои рӯзонаву шабона чанд бор шунидаамонро намедонем…

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустии Тоҷикистон

— Тарки соҳа намудан ё ба дигар кишвар рафтани мутахассисони соҳа ба он алоқаманд аст, ки онҳо мехоҳанд донишу таҷрибаи кории хешро баланд бардоранд. Ҳамзамон, аксар табибоне, ки хосатан аз кишвар ба Федератсияи Россия рафтаанд, онҳо назди ҳамсарони хеш рафтаанд.

— Иииии, баланд бардоштани донишу таҷриба фаҳмо, аммо кушоду равшан гуфта метавонед, ки назди кадом ҳамсаронашон рафтаанд, якум ё дуюм, тоҷик ё…?

Раҷаб САИДӢ, шоир ва рӯзноманигор

— Ҳаҷв пул намедиҳад, аммо имкони аз сидқ хандиданро фароҳам месозад. Солҳои пеш бо нашри чанд шеър аз ину он нашрияву маҷалла чанд тангае чун ҳақи қалам насибамон мешуд. Ин оин дар чанд соли охир батамом аз байн рафт.

— Хайр, ҳақи қалам надоданд, надиҳанд, ҳеҷ гап не. Ба навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ нуқта нагузореду бомаром бинависед. Ва аз сидқ хандидан гиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *