Сипоси Нурулло ба UFC

Тавре ки медонем, варзишгари бебохти тоҷик Нурулло Алиев пеш аз муҳорибааш дар ташкилоти UFC ҷароҳат бардошта буд. Ӯ дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри аксе хабар дод, ки ҷарроҳии пояш хуб гузаштааст.

«Шукр, ҷарроҳӣ хуб гузашт. Ман аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи UFC нисбат ба ман ва умуман варзишгаронаш дар тааҷубам. Сипос мегӯям ба роҳбарияти ташкилот ва табибон», — навиштааст варзишгар.

Ҳамчунин, Нурулло Алиев гуфтааст, ки пас аз ҷарроҳӣ давраи барқароршавӣ аст ва соли 2024 муҳорибаи навбатии худро барпо мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *