Канзи шифо: Сулфидани кӯдак нишонаи бемории сил аст?
Салом! Ман ҷавонзани 27-сола ва модари ду фарзанд мебошам. Мо дар як деҳаи дурдасти Муъминобод зиндагӣ мекунем ва зиндагии камбағалона дорем, аз ҳамин сабаб аксар вақт худу фарзандонамро бо давоҳои халқӣ табобат мекунам. Қариб 20 рӯз мешавад, ки писарчаи калониам, ки нав 7-сола шудааст, месулфад. Чанд саҳар асалро бо шир омехта карда, гармогарм хӯрондам, ордоби бо равғани зағир тайёршуда медиҳам, чанд намуд гиёҳчой ҳам додам, вале сулфааш ҳеҷ намемонад. Ҳис мекунам, ки гулӯяш балғам дорад. Мегӯянд, ки балғам нишонаи хуб нест. Метарсам, ки мабодо писарам ба касалии сил гирифтор нашуда бошад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳад?
МАҲТОББӢ, аз ноҳияи Муъминобод
— Хоҳари азиз Маҳтоббӣ! Ташвиш накашед, сулфидани кӯдак ҳанӯз маънои ба касалии сил гирифтор шуданашро надорад, чунки сулфа шудани кӯдакон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон як чизи маъмулӣ аст. Бо иваз шудани фаслҳои сол ҳарорати ҳаво якбора тағйир меёбад ва ин тағйирот ба саломатии мо — одамон низ бетаъсир намемонанд. Махсусан кӯдакон нисбати тағйирёбии боду ҳаво хеле ҳасос буда, ба зудӣ шамол мекашанду ба зуком, сулфа ва дигар бемориҳо гирифтор мешаванд. Аслан сулфа худаш як навъ аксуламали организм, яъне як роҳ ё механизми махсусе мебошад, ки бо ҳамин усул ҷисми инсон худро аз балғам ва дигар чизҳои нолозим тоза мекунад, вале бепарвоӣ кардан низ нашояд, чунки ҳамзамон сулфа метавонад нишонаи баъзе бемориҳои роҳҳои нафас бошад. Аз ҳамин хотир, ҳатман кӯдакро ба назди духтур бурдан лозим аст, то ки табибон сарчашмаи беморӣ ва сабаби сулфиданашро аниқ намуда, усули дурусти табобатро ба роҳ монанд.
Ба чӣ диққат додан лозим аст?
Бори дигар таъкид карданием, ки пайдоиши сулфа пеш аз ҳама нишонаи бемориҳои гуногуни роҳҳои нафас мебошад, бинобар ин, шумо ҳамчун модар бояд ба тарзи сулфидани кӯдак ва балғами доштааш диққат диҳед. Аз рӯйи шакли балғам фаҳмидан мумкин аст, ки маҳз кадом узви фарзанди шумо шамол кашидааст.
1. Балғами ғафсу часпак аз шамолкашии роҳҳои нафас дарак медиҳад. Ин навъи балғам дар гирифторони касалии астма низ дида мешавад.
2. Балғам ба зардоб монанд бошад, донед, ки бактерияҳо ба ҷисми фарзанди шумо роҳ ёфта, ӯро ба беморӣ мубтало гардонидаанд.
3. Балғами пардадор аз варам кардани шуши кӯдак дарак медиҳад.
4. Балғами хунолуд нишонаи нохуб буда, аксаран бар асари саратони шуш ва касалии сил пайдо мешавад.
Новобаста ба он ки шакли балғам чӣ гуна аст, онро ҳарчӣ зудтар аз шуш ва роҳҳои нафас баровардан лозим аст, чунки дар сурати табобат накардан балғам ҷамъ шудан мегирад ва ин метавонад боиси маҳкамшавии роҳҳои нафас гашта, то оқибатҳои нохуш ва ҳатто фоҷиа оварда расонад.
Ғалатҳое, ки модарон дар табобати сулфаи кӯдаконашон роҳ медиҳанд
Аксари модарон, махсусан онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, сулфаро бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, аз пеши худ ба кӯдак ҳар хел дорую давоҳоро додан мегиранд, ки ин ғалати маҳз мебошад. Дар ёд дошта бошед, ки бе тавсияи духтур ҳатто давоҳои хеле оддиро низ ба кӯдакон додан қатъиян манъ аст. Организми кӯдакон бисёр нозук аст ва як доруи оддӣ метавонад ҳоли тифлро якбора хеле бад гардонида, то ба фоҷиа бурда расонад. Ҳамеша дар ёд дошта бошед!
1. Аз пеши худ ба кӯдак доруи сулфа надиҳед!
Модарон ба фарзанди бемори худ ёрӣ расониданӣ шуда, бе дорухат ва тавсияи духтур аз дорухонаҳо ҳар хел доруҳои зидди сулфаро харида, ба кӯдаки бемор додан мегиранд. Ин корро кардан мумкин нест. Чаро? Сулфа беморӣ набуда, бештар бар асари балғам пайдо мешавад ва ин як роҳи тоза шудани ҷисм аз балғам мебошад. Аз ҳамин хотир хӯрдани доруҳои зидди сулфа зимни сулфаи балғамдор мумкин нест, чунки ин доруҳо монеи баромадани балғам аз шуш ва роҳҳои нафас мегарданд. Дар натиҷа балғам дар организм ҷамъ мешавад.
Роҳи дуруст:
Пеш аз ҳама шуш ва роҳҳои нафасро аз балғам тоза кардан лозим аст. Барои ин шумо бояд ба фарзандатон доруҳои балғамбарор (отхаркиваюшйй) диҳед.
2. Аз антибиотикҳо истифода набаред, агар…
Қисми зиёди занон гумон мекунанд, ки антибиотикҳо таъсири мӯъҷизавӣ доранд ва дар муддати кӯтоҳ кӯдакро аз сулфа наҷот медиҳанду комилан сиҳат мешавад. Ин корро ҳаргиз кардан лозим нест. Антибиотик танҳо бо тавсияи духтур гузаронида мешавад. Чаро?
Худсарона тез-тез истифода бурдани антибиотикҳо ба саломатии кӯдакон зарар дорад. Дар ҷисми кӯдак бар асари зиёд истифода бурдани антибиотикҳо метавонад иллатҳои дигар аз қабили вайрон шудани микрофлораи рӯдаҳо, авитаминоз, вайроншавии кори ҷигар ва гурда ба вуҷуд биёяд.
Роҳи дуруст:
Маъмулан антибиотикҳоро танҳо дар сурати хислати бактериалӣ доштани сулфа, масалан зимни бемории пневмония истифода мебаранд. Аз ҳамин хотир, кӯдакро ҳатман ба духтур баред, агар ба пневмония ё бронхит гирифтор шуда бошад, худи духтури кӯдакона антибиотики заруриро тавсия медиҳад, дар акси ҳол танҳо таблетка ва нӯшдору мефармояд..
3. Истифодаи давоҳои носанҷидаи халқӣ хатар дорад!
Дар ҳақиқат баъзе давоҳои халқӣ метавонанд дар табобати сулфа ёрӣ расонанд, вале аз пеши худ нафаҳмидаву насанҷида ҳар хел гиёҳ ва алафҳоро ба кӯдакон додан мумкин нест. Чаро?
Якум: ҷисми кӯдакон хеле нозук аст ва метавонад ба ин гиёҳҳо ҳассосият дошта бошад. Дар ин сурат хӯрдани гиёҳоб боиси пайдоиши аллергия гашта, шиддати сулфа бештар мешавад.
Дуюм: Фаромӯш накунед, ки фақат бо гиёҳ ва алафҳо сулфаро 100% табобат карда намешавад. Муддате ҳоли кӯдак хубтар шавад ҳам, баъди чанд вақт беморӣ дубора рӯ мезанад ва ҳоли кӯдак бадтар мешавад.
Роҳи дуруст:
Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, барои табобати сулфа ҳар хел алафҳоро аз пеши худ истифода набаред. Дар ёд дошта бошед, ки аввал ба назди духтур рафта, сабаби сулфаро аниқ кардан лозим аст. Дар рафти табобат дар қатори доруҳое, ки духтур мефармояд, бо маслиҳати табибони халқӣ баъзе давоҳои санҷидашудаи халқиро истифода бурдан мумкин аст.
Шабона ба кӯдак доруҳои балғамбарор надиҳед!
Барои он ки фарзандашон зудтар аз балғам халос шуда, ҷонаш раҳоӣ ёбад, баъзе модарон дар як рӯз чанд маротиба доруҳои гуногуни балғамронро пай дар пай ба кӯдак додан мегиранд. Ин хел кардан мумкин нест. Чаро?
Аввалан: Аз миқдор зиёд истифода бурдани дору метавонад боиси заҳролудшавии ҷисм гардад.
Дуюм: Бо хӯрдани доруи бисёр балғам ба зудӣ аз организми кӯдак намебарояд. Барои он ки ҷисми фарзанди шумо аз балғам тоза шавад, вақти муайян ва табобати дуруст лозим аст, то балғам тунук шуда, аз шуш ва роҳҳои нафас барояд.
Роҳи дуруст
Бори дигар таъкид мекунем, ки кӯдакро ҳатман ба духтур баред ва аз ташхис гузаронед. Табиб баъди аниқ кардани сабаби сулфа ва гузоштани диагнози аниқ табобат мефармояд. Шумо бояд доруҳоро тибқи меъёре, ки табиб муайян кардааст, дар вақту соати аниқ ба кӯдак диҳед ва назорат кунед, ки реҷаи бистариро риоя намояд. Шабона ба кӯдак доруҳои балғамрон надиҳед. Тавре ки табибони пулманолог мегӯянд, балғам субҳгоҳон хубтар аз организм хориҷ мешавад, агар кӯдак шаб якнима хоб равад.
Дар охир таъкид карданием, ки балғам доштани кӯдак маънои ба касалии сил гирифтор буданашро надорад, вале нисбати сулфаю балғам бепарвоӣ кардан ҳам нашояд. Боварӣ дорем, ки ба тавсияҳои мо гӯш дода, шумо ҳатман фарзандатонро ба назди табибон мебаред ва ба зудӣ шифо меёбад.
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ