Маърифати исломӣ: Чаро дар намози ҷумъа дубора азон мегӯянд?

Чаро дар намози ҷумъа ду маротиба азон мегӯянд? Илтимос, ин масъаларо муфассал шарҳ диҳед. Қаблан ташаккур!

Рофӣ САФИЕВ, шаҳри Душанбе

Посух:

— Дар оғози ислом дар намози ҷумъа як бор азон дода мешуд, вале дар замони ҳазрати Усмон (р) ба сабаби зиёд шудани мусулмонон, ҳазрати Усмон (р) азонро зиёд намуданд, то ки мардум дар ғафлат намонанд.

Аз Соиб ибни Язид ривоят аст, ки фармуд: “Дар аҳди Расули Худо (с) ва Абӯбакру Умар (р) азони рӯзи ҷумъа ҳангоми нишастани имом дар минбар дода мешуд, чун замони хилофати Усмон (р) теъдоди намозгузорон афзуд, ӯ амр кард, ки дар Завро (номи сарое дар бозори Мадина) азони дувум гуфта шавад”. (Ривояти Бухорӣ, Тирмизӣ ва дигарон).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *