Канзи шифо: Ях кардани нисфи бадан нишонаи бемории асаб аст ё зиён?

Ман Латофат, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва модари 5 фарзанд ҳастам. Пештар аз саломатиам ягон шикоят надоштам, вале баъди марги шавҳарам як поям, як дастам ва нисфи рӯям карахт шуда, ях мекунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин аз тарс асту ба ман зиёни мурда асар кардааст, баъзеи дигар бемориамро аз асаб медонанд, вале на дуохонӣ фоида карду на доруҳои асаб. Аз ҳамин хотир, ба маслиҳат ниёз дорам.

ЛАТОФАТ, аз ноҳияи Рӯдакӣ

Посух:

— Хоҳари азиз! Беҳуда дар ба дари муллову фолбин надавед, чунки бемории шумо ба зиён ва асабоният ягон алоқамандӣ надорад. Хунатон нағз гардиш намекунад, барои ҳамин нисфи баданатон хунук шуда, ба қавле ях мекунад. Барои он ки гардиши хун беҳтар шуда, аз ин иллат раҳоӣ ёбед, метавонед аз гиёҳҳои табиӣ истифода баред. Яке аз гиёҳҳое, ки гардиши хунро ба низом медарорад, ин зарришқа аст. Аз гиёҳфурӯшон зарришқа харида, аз ин гиёҳ якқошуқӣ ба зарфе андозед ва аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Барои тайёр шудани даво гиёҳоб бояд 1-2 соат истад. Пас аз ин онро меполонед ва рӯзе се бор нимпиёлагӣ нӯшед, Худо хоҳад, аҳволатон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дигар ними баданатон ях намекунад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *