Канзи шифо: Зарар ва фоидаи офтоби тобистон
Офтоби сӯзони тобистон дар баробари он ки ба саломатӣ ва ҳолати пӯст таъсири манфӣ мерасонад, боз фоида низ дорад. Мо ба шумо фоида ва зарари офтоби тобистонро шарҳ медиҳем.
Фоидаи нурҳои офтоб
Офтоб манбаи ягонаи табиӣ аст, ки ҷисми инсонро бо витамини Д таъмин ва устухонҳоро бақувват мегардонад.
Нури офтоб бемориҳои гуногуни пӯст, аз ҷумла наракро табобат менамояд. Вақте нури офтоб ба пӯст мерасад, дар ҷисми инсон ҳормони «хушнудӣ» серотонин пайдо мешавад ва дар натиҷа табъи инсон болида мегардад.
Зарари нурҳои офтоб
Таъсири дурударози нурҳои ултрабунафши офтоб сабабгори бармаҳал пир шудани пӯсти рӯй мегардад. Намнокии пӯст кам шуда, бофтаҳои коллаген нобуд мегарданд ва дар натиҷа пӯст тароваташро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб баъди дурудароз дар зери нурҳои офтоб қарор доштан дар рӯй ожанг пайдо мешавад.
Офтоб ба ҳуҷайраҳои пӯст таъсир расонида, ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки холҳои пӯсти рӯй аз таъсири офтоб ба шаклҳои гуногуни саратон мубаддал гаштаанд.
Аз ҳад зиёд дар зери офтоб қарор доштан боиси сӯхтани пӯст ва пайдоиши доғҳои пигментӣ мегардад, аз ин лиҳоз, мутахассисон дар айни гармии ҳаво, аз соати 11 то 16 дар берун истоданро тавсия намедиҳанд.
Малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед
Барои он ки пӯст аз таъсири офтоб зарар набинад, кӯшиш намоед дар айни гармии ҳаво ба кӯча набароед ва ҳар дафъае, ки ба кӯча баромаданӣ мешавед, ба пӯсти рӯй малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед. Рафту ҳангоми гарм будани ҳаво боз шамол мевазида бошад, пӯст зарари дукарата мебинад.
Дурудароз дар зери нурҳои офтоб қарор доштан боиси беобшавии пӯст мегардад. Аз таъсири гармӣ инсон бошиддат хушкшавии пӯсташро эҳсос намекунад. Вазиши шамолак дар ин ҳангом ба кас кайфият мебахшад, вале шамоли тобистон пӯстро бештар хушк месозад. Бо ҳамин сабаб, дар рӯзҳои гарм пӯсти рӯйро бо истифода аз малҳам нарм кунонидан лозим аст.
Вақте инсон оббозӣ мекунад, баъди аз об баромадан намии пӯсташ нест мешаваду нурҳои офтоб пӯстро месӯзонанд. Аз ин рӯ, баъди оббозӣ ва хушконидани пӯст бори дигар малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молидан лозим аст.
Чӣ бояд кард?
Қабл аз кӯчабароӣ малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро на танҳо ба пӯсти рӯй, балки ба ҷойҳои урёни бадан, масалан, дасту гардан молидан лозим аст. Агар офтоб сӯзон бошад, таъсири малҳами шумо бояд бештар, яъне дар тамғакоғази он SPF 30 ва аз ин адад болотар қайд шуда бошад.
Нурҳои офтоб дар фасли тобистон ҳангоми саҳар ва бегоҳирӯзӣ бехатар аст. Барои он ки дар пӯсти рӯй ожангҳои иловагӣ пайдо нашаванд, ним соат қабл аз кӯчабароӣ ба пӯст малҳами ҳифзкунанда молед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ