“Аз Варзоб то Норак”-и Basster нашр шуд

Пас аз интизориҳои зиёд ҳаводорони рэпсарои машҳур Basster рэпи нави ӯро бо номи “Аз Варзоб то Норак” шуниданд.

“Аз Варзоб то Норак” дар як соати аввали нашраш зиёда аз 10 ҳазор маротиба аз ҷониби мухлисони рэп гӯш карда шуд, ки асосан ин рақамро метавон рекорди навбатии рэпсаро гуфт.

Пораҳои алоҳидаи ин рэп аллакай дар “рилс”-у “сториз”-ҳои корбарони шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” аст. Аз ин гуна бархӯрд фаҳмида мешавад, ки рэпи мазкурро хуш пазируфтанд ва ба қавле “хит”-и навбатии рэпсаро мешавад.

Рэпи “Аз Варзоб то Норак” чунин мисраъҳоро доро мебошад:

Ай Варзоб то Норак,

Чортарафат шамолак.

Шоҳпараки шабпаракам,

Ёри нават муборак.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *