Каромат Шарифов дар Душанбе.Мехоҳад бо Вазири корҳои дохилӣ мулоқот кунад.

 

Дар шабкаҳои Интернет нахустин видеои Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ баъди ихроҷаш аз Русия ба Тоҷикистон нашр шуд. Каромат Шарипов, ки дар яке аз кӯчаҳои Душанбе сӯҳбат мекунад, мегӯяд, дар озодӣ қарор дорад ва ба муборизааш барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳамчунон идома хоҳад дод.

Дар видеое, ки шоми 17 декабр дар канали Каромат Шарипов дар шабакаи Ютуб нашр шуд, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ дар яке аз кӯчаҳои Душанбе тасвир шудааст.

Каромат Шарипов дар ин видео дар дасташ як шумораи нашрияи «Голос таджикистанцев” ва як баста қоғаз бо як мард сӯҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар озодӣ қарор дорад ва ҳоло мехоҳад бо дархости адвокатӣ ба ҳузури вазири корҳои дохилӣ бидарояд. Каромат Шарипов ҳамчунин хабар дод, ки қасд дорад рӯзи душанбе, 18 декабр бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот кунад.

Каромат Шарипов мегӯяд, ҳарчанд ӯро шаби 12 ба 13 декабр аз Русия ба Тоҷикистон «этап” карданд, норозигиаш на аз шахсони алоҳида, балки аз низомест, ки чунин ҳолатро ба вуҷуд овард: «Манро, ки ҳомии ҳуқуқам, ветерани нирӯҳои мусаллаҳам, аз Русия берун андохтанд. Ман талаб мекунам, то Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар қонунҳоеро, ки беш аз 100 кишвари дунё зераш имзо кардаанд, риоя кунанд. Тоҷикистон маро напартофт, ман боздошт нашудаам, ман дар инҷоам ва мехоҳам исбот кунам, ки ҳақ ҳастам.”

Каромат Шарипов мегӯяд, ӯ ҳамчунон ба муборизааш барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома хоҳад дод: «Мо дар куҷое ки набошем, ё дар Русия, ё дар инҷо, дар Тоҷикистон, аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик, пеш аз ҳама дар Русия дифоъ хоҳем кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *