Каромат Шарифов русҳоро бо риши тоҷикон метарсонад

Роҳбари ҷамъияти “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷикон” дар Русия Каромат Шарифов бо изҳороти навбатӣ баромад карда, русҳоро тарсонидааст, ки ба наздикӣ сели муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба сари мардуми Русия мерезад.

Сабаби ин “сел” гӯё саросар боздошт кардан  ва ба милиса бурдану риши мардумро тарошидан будааст. Ҳукумати Тоҷикистон гӯё за мардон талаб кардааст,ки тамоман аз мондани риш даст кашанд.Инак, мардум ба хотири ҳифзи риши худ гӯё ба Русия мегурехтаанд. “Шахсро медоранд, ба шуъбаи милиса мебаранд, шиносномаашро мегиранд ва “срок” медиҳанд,ки дар чунин муҳлат бояд ришашро тарошад” кашфиёт кардааст ӯ дар агентии НСН. Ба гуфти Шарифов, то ин дам танҳо аз вилояти Хатлон  13 ҳазор нафарро бо чунин роҳ “риштарошон” кардаанд. Ин афсонаро Каромат Шарифов дар кадом китоб хонда бошад ва чаро русҳои бе  ин ҳам аз ҳузури тоҷикон на он қадар хурсандро  ба хашм оварданист, маълум нест

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *