500 хонавода зер хатари “Гӯри кампир”

Пораҳои пиряхи “Гӯри кампир”, воқеъ дар ноҳияи Тоҷикобод, 220-километрии пойтахти Тоҷикистон обанбореро ба вуҷуд овард, ки акнун ба беш аз 500 хонавода таҳдид мекунад.

Ин хабарро шоми 11 июл Аваз Сафарбеков, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод  тасдиқ кардааст. Гуфта мешавад, 500 хонавода дар деҳаи Капалӣ ва Фатҳобод зиндагӣ мекунанд ва кӯли сунъӣ дар 13-километрии ду деҳа, дар шохоби рӯдхонаи Сурхоб пайдо шудааст.

Мустаон Ваҳҳобов, вакили деҳаи Капалӣ гуфтааст, мақомот дар навбати аввал 250 нафарро кӯч доданд, ки дар наздикии ду соҳили рӯдхонаи Сурхоб зиндагӣ мекунанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ҳоли омодабош қарор доранд ва дар сурати канда шудани сарбанди кӯли сунъӣ мардуми боқимондаро аз тариқи баландгӯякҳо огоҳ мекунанд, ки аз маҳалли таҳдиди офат оҷилан берун раванд. Хонаҳои сокинони боқимонда дар баландиҳо ҷойгиранд ва дар ростои хатари ногузир қарор надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *