Катункин: Агар дар дасти ман мебуд, парвозҳоро бо ду даст мекушодам

Валерий Катункин, сардори бахши консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки ҳукумати Русия аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои барқарорсозии парвозҳои мунтазами байни кишварҳо дархост гирифтааст.

«Масъалаи мазкур ҳал ва ҳамоҳанг карда мешавад. Маълумот дар ояндаи наздик пайдо мешавад» гуфт ӯ. Катункин қайд кард, ки ниҳодҳо омодаанд, ки бо назардошти ҳама чораҳо ва қоидаҳои эпидемиологӣ парвози ҳавопаймо байни кишварҳоро дубора барқарор кунанд.»Агар дар дасти ман мебуд, ҳама парвозҳоеро, ки ҷавобгӯи талабот барои ҳаракати мунтазами миёни Русия ва Тоҷикистон аст, бо ду даст мекушодам. Бале, ман фардо онро мекушодам» гуфт ӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *