Милисаҳо рӯзноманигорро лату кӯб карданд

Хабарнигори Znak.com Никита Телиженко, ки қаблан ҳангоми иттилоъи рӯйдодҳо дар Беларус дар боздоштгоҳ буд, дар бораи лату кӯб дар шӯъбаи корҳои дохилии Минск хабар дод.

Пас аз ҳабс, Телиженкоро ба шӯъбаи милитсияи ноҳия Маскави Минск бурдаанд ва дар он ҷо 16 соат нигоҳ доштаанд, навиштааст нашрия.
“Як бача дар назди ман ба сараш ба фишанги дари даромадгоҳи милиса зад ва сипас рӯ ба зону афтид, ”мегӯяд журналист.
“Дар ҳуҷра одамон дар рӯи замин хобида буданд, дар ҳоле ки боздоштшудагони навро меоварданд, маҷбур мекарданд, ки навомадаҳо дар болои хобидаҳо бихобанд” гуфт Телиженко.
Тибқи гуфтаҳои рӯзноманигор, “дар он ҷо бераҳмии шадид” ҷараён дошт, ки баъзе аз боздоштшудагон устухонҳояшон шикастааст.
«Пулис боздоштшудагонро маҷбур кард, ки дуо кунанд ва» Падари мо … » (“Отче наше”)-ро бихонанд, онҳое, ки рад мекарданд, бо тамоми воситаҳои дар дасташонбуда лату кӯб карданд», қайд мекунад Телиженко. Пас аз он ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиносномаи русии рӯзноманигорро диданд, зарбаҳо он қадар сахт набуданд, гуфта мешавад дар гузориш.

Пас аз интихоботи президентӣ дар Беларус, эътирозҳои оммавӣ бо сабаби мухолифат бо натиҷаҳои онҳо оғоз ёфт, ки тибқи он Александр Лукашенко пирӯз шуд. Барои хомӯш кардани тазоҳурот милисаҳо аз гази ашковар, норинҷакҳо ва тирҳои резинӣ истифода карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *