КДАМ хабари боздошти террористонро рад кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  хабар  дар бораи боздошти 12 ҷангии ДОИШ бо роҳбарии Сӯҳроб ном нафаре аз шаҳри Ваҳдат ва ошкор шудани нақшаи ҳамлаи онҳо ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро рад кард.

 «Ин маълумот нодурусту носаҳеҳ аст. Мо касеро боздошт накардаем ва чунин амали террористӣ ҳам омода намешуд”, — гуфтааст сухангӯи КДАМ Дилшод Абдуалимов. Як рӯз қабл «Озодӣ” аз қавли манобеаш дар КДАМ хабар дода буд, ки 12 нафар бо фармони ДОИШ мехостанд дар даромадгоҳи пойгоҳ ва мактаби марбут ба пойгоҳи Русия таркиш анҷом диҳанд. Маркази робитаҳо бо ҷомиаи КДАМ  13 ноябр бо нашри як изҳороти расмӣ хабарҳо дар бораи ошкор шудани нақшаи ҳамлаи ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро рад карда гуфтааст: «Хабарҳои нашршуда дар матбуот дар бораи боздошти ҷангиёни созмони террористии ДОИШ воқеият надорад.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *