Салом Ленин! Маҳмудҷон Воҳидовро надидед?

Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ

Ба маркази ноҳияи Ашт  шомгоҳон расидам. Ҳаво баъди борони дирӯза тозаю ба сардӣ майл мекард. Кӯчаи марказии ноҳияро, ки он ҷо биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, прокуратура ва дигар мақомоти давлатӣ ҷойгир мебошанд, гӯё об зада рӯфта буданд. Ҳарчанд кӯча чароғон буд, дар ягон бино лавҳаи номашро надидам. «Кӯча ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бошад ё чун дар дигар манотиқи кишвар ба номи Исмоили Сомонӣ?» — андешидам ман ва аз роҳгузаре дар куҷо будани меҳмонхонаро фаҳмида, ба ҷониби гуфтаи ӯ равон шудам. Дар рӯ ба рӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қасри боҳашамати чароғонро дидаму тахмин кардам, ки шояд Театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамин бошад.

-Ҳа, ин Қасри фарҳанги ноҳияамон асту театр дар он фаъолият дорад, —  гуфт бо лаҳни мехмоннавозӣ роҳгузари зиёинамое. –Қаср  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов қад афрохтааст. Шомгоҳон тамошо кунед, кайфияташ дигар аст. Меҳмонхонаи «Шайдон» бошад, дар ҳамсоягии боғ воқеъ аст.

Пас аз он ки дар меҳмонхона паноҳгоҳи шабгузаронӣ ёфтам, ба тамошои Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шурӯъ кардам. Аз вохӯрии қарибулвуқӯъ бо ин чеҳраи шинохтаи фарҳангӣ (равонаш шод бод!) дар зодгоҳаш дар ҳаяҷон будам. Аниқтараш мехостам пайкараашро, ки 25 марти соли 2016 дар боғи ҳамномаш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориаш ба ноҳияи Ашт муаррифӣ карда буданд, бубинам. Шомгоҳон дар боғ ягон-ягон роҳгузаре ба чашм мерасид. Қасри фарҳанг, ки онро Сарвари давлат ифтитоҳ бахшида буд,  ҳудуди боғро равшании рӯҳафзое мебахшид. Боғ бо гулу буттаҳо ва долу дарахтҳояш таровати аҷибе дошт. Кас ба пайроҳаҳои сангфаршаш қадам гузошта, роҳат мекард. Аммо ман ташнаи дидани пайкараи Маҳмудҷон Воҳидов онро дар чор гӯшаи боғ ҷустуҷӯ кардам. Вале онро пайдо накарда, ба гӯшаи торики боғ боэҳтиёт сар халондам. Ба чашмам аз паси пардаи торикӣ сафедие ба назарам намуд. Наздиктар равам, во аҷабо чеҳраи хеле ошно ва маҳбуби… доҳии пролетариати ҷаҳон Бобои Ленинро дар нимпайкарааш дидам! Ҳарчанд аз ин бозёфти шабона шод шуда бошам ҳам, яг гӯшаи дилам хиҷил буд, ки пайкараи Маҳмудҷон Воҳидовро ёфта натавонистам.

«Кори шаб – хандаи рӯз» нашавам гуфта, субҳидами рӯзи дигар ба ҷустуҷӯи пайкара давом додам. Боз нимпайкараи сап-сафеди В. И. Ленинро дар байни дарахтон дидам, ки дар алафзораш марде чанд  гӯсфанду бузро мечаронд. Дар боғ, инчунин, муҷассамаи Модар-Ватан ҳамчун ёдгорӣ ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳфуз мондааст.

Аҷиб, роҳбарияти ноҳия пайкараи  ин ҳунарманди маҳбубро маҳз дар ҳамин боғ ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми ноҳия муаррифӣ карда буданд-ку. Онро куҷо карданд, ки мекобеду намеёбед?   «Ба фикри ман, рӯҳи абадии ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мерасонад, ки аз онҳо шахсони ба фарҳанги  тоҷик содиқ сабзида расад. Аз ин рӯ, ба мақсади абадигардонии номи ин ҳунарманди маъруф ва арҷгузории хизматҳои ӯ пешниҳод мекунам, ки Қасри фарҳанг ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад», — гуфта буданд он вақт Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Шояд роҳбарияти ноҳияи Ашт ин суханонро кайҳо аз хотир бароварданд, ки хотираи  М. Воҳидовро дар пайкарае абадӣ нагардондаанд. Ба чанд роҳгузар ва ҳатто кормандони мақомоти ноҳия ин саволро додам, намедонанд!

Ба ин савол хостам аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷавоб ёбам, вале онҳоро аз серкориашон пайдо кардан муяссарам нагардид…

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *