Фоҷиа дар Восеъ,корманди ОМОН ва се нафари дигар ҳалок шуд

Соати тақрибан соати яки шаби 13 ноябр, бар асари як садамаи пурқурбонӣ дар назди бозори «Султони Кабир” дар шаҳраки Ҳулбук, маркази ноҳияи Восеъ чор нафар ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, мошини кормандони ОМОН, воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар роҳи бозгашт ба Душанбе дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар назди бозори «Султони Кабир” зери мошини боркаши «Дулан” даромадааст. Ҳалокшудаҳо ҷавонони 20-22-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб будаанд. Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *