«Келинчак» меҳмондори маъюбон шуд

3 толори ҳусни шаҳри Панҷакент — «Аҳдия”, «Келинчак” ва «Спа Панҷакент” — рӯзи 26 декабр барои 40 нафар маъюбони ҳунарманд, дар арафаи Соли нав дастурхони идона ташкил карда ва онҳоро бо тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ карданд. Дастурхонаи идонаро барои ин ҳунармандони маъюб дар тарабхонаи «Рӯдакӣ”-и Панҷакент оростанд.

Дар тарабхонаи «Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент, 40 нафар маъюбоне, ки ҳунарҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва созандагиву наққошӣ доранд, сарҷамъ омада, маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд. Маҳсули дастони эшонро намояндагони ҳукумат, рӯзноманигорони маҳаллӣ, меҳмонону ҳунармандон тамошо карданд. Идомаи базми солинавии маъюбон бо овозхониву байтбарак ва қироати суруду шеърҳо идома ёфт.

Муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ, маъюбонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ, аз номи раиси шаҳр табрик намуда ба ҳар кадомашон табрикномаву тӯҳфаҳо супорид.

Иқдоми мазкур аз ҷониби машшотаҳо бори аввал аст, ки дар Панҷакент бо ба роҳ монда мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабр дар паёмаш ба парлумон таъкид намуд, ки ҳар як маъюб дар кишвар бояд таҳти ғамхории на муваққатӣ, балки доимӣ фаро гирифта шаванд.

“Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *