Доналд Трамп ба Ироқ рафт

Президенти ИМА Доналд Трамп бори нахуст ба Ироқ сафар кард. Ба иттилои шабакаи телевизонии ABC News, ҳавопаймои ӯ шаби 26 декабр дар пойгоҳе, дар ғарби шаҳри Бағдод фуруд омад. Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки сафари Трамп эъломнашуда ва туҳфа ба сарбозони амрикоӣ аст.

Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гуфт, Трамп ва ҳамсараш Мелания хостанд, ба низомиён барои хидматашон миннатдорӣ баён карда, Мавлуди Масеҳро ба онҳо табрик гӯянд.

Бино ба иттилои телевизиони FoxNews, Трамп дар мулоқот бо низомиён гуфт, нирӯҳои амрикоиро дар Ироқ коҳиш доданӣ нест.

Дар ҳудуди Ироқ чанд пойгоҳи низомии ИМА қарор дошта, шумори низомиёни амрикоӣ дар он кишвар беш аз 5 ҳазор нафар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *