Киҳо ба стипендияи Кумита шарафёб гардиданд?
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, собиқадорони соҳа, варзишгарони наврсу умедбахш аз ҷониби давлату Ҳукумат ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд.
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани варзишгарони лаёқатманд ва собиқадорони соҳаи варзиш стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба роҳ монда шуда, ҳамасола онро даҳҳо нафар варзишгарон сазовор мегарданд.
Варзишгарони кишвар ин иқдомро намунаи олии таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дониста, иброз намуданд, ки ин иқдом метавонад дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш заминаи мусоид фароҳам биорад.
Ҳар сол дар кишвар 69 нафар варзишгарон ва собиқадорони соҳаи мазкур ба гирифтани чунин унвон шарафёб мегарданд.
Руйхати варзишгарони лаёқатманд ва собиқадорони соҳаи варзиш дар соли 2018-ро метавонед аз сомонаи расмии Кумита бо равонаи мазкур дарёфт намоед: http://youth.tj/news/8147/
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ