Писари генерал, қотили зани собиқ…

Як гуруҳи кормандони милитсия барои таъқиби писари генерал Раҷабалӣ Ширинов (Раҷаби Ширин) ба зодгоҳи ӯ – ноҳияи Данғара эъзом шудаанд. Писари генерал Ширинов шоми 6 июн дар пайи бо 14 зарбаи корд бераҳмона куштани ҳамсари собиқаш фирор кардааст ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Раҷаби Ширин аз ашхоси дар гузашта хеле пурнуфуз дар клани Данғара ба шумор рафта, солҳои тӯлонӣ сардори Политсияи андози Тоҷикистон ва то соли 2015 муовини сардори Агентии мубориза бо коррупсия буд.

Муноқишаи байни зану шавҳари собиқ дар хонаводаи генерали пурнуфуз Раҷабалӣ Ширинов (Раҷаби Ширин) бо фоҷиаи хунин ва марги зани модари се фарзанд анҷом ёфт.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба ин хонавода, шоми 6 июн ҳамсари собиқи писари генерал Ширинов ҳамроҳи як дугонааш барои аёдати фарзандонаш ба манзили Шириновҳо дарм маҳаллаи «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе меояд.

Баъди ҷудо шудан аз ҳамсараш дар як соли пеш писари Раҷаби Ширин фақат як кӯдакашро ба ӯ дода, ду писари дигарашро пеши худ гирифта буд ва модарашон ҳар сари чанд вақт ба аёдати онҳо меомад. Шоми 6 июн низ ӯ ба дугонааш гуфтааст, ки биё биравем, мехоҳам ба кӯдаконам қабл аз иди Рамазон ягон тӯҳфа барам.

Келини собиқи Ширинов бо дугонааш қабл аз намози шом вориди манзили Шириновҳо дар «1-ум Советский” шуда, дар саҳни ҳавлӣ бо шавҳари собиқи ин зан рӯбарӯ шудаанд.

Дидори рӯбарӯи зану шавҳари собиқ зуд ба муноқиша печид. Сабаби муноқишаи онҳо рӯшан нест, вале натиҷаҳои хунинаш маълум аст: Писари генерал Ширинов ҷоғи дугонаи зани собиқашро зада мешиканад ва он зани бечора аз тарс аз ҳавлӣ фирор мекунад.

Мард дар сари ҷаҳл ба ҳамсари собиқаш дарафтода, ӯро 14 зарбаи корд мезанад.

Баъди онки мефаҳмад, ки ҳамсарашро куштааст, писари генерал Ширинов аз хона фирор мекунад.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии шаҳри Душанбе ба сомонаи «Ахбор” гуфт, гумон меравад, ки ӯ ба зодгоҳаш – ноҳияи Данғара паноҳ бурда бошад. Ба ин далел, як гуруҳи кормандони милитсияро барои таъқиб ва боздошти вай алакай ба Данғара фиристодаанд.

Генерал Раҷабалӣ Ширинов (Раҷаби Ширин) як нафари дар гузашта хеле пурнуфуз дар клани Данғара ба шумор мерафт. Раҷаби Ширин аз миёёнаҳои солҳои 90 то замони барҳам хӯрданаш дар соли 2007 сардори Политсияи андози Тоҷикистон буд.

Вақте политсияи андозро барҳам дода, ба ҷои он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис доданд, Раҷаби Ширин ба мақоми муовини сардори ин Агентӣ таъйин шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *