Соли хониш ба охир расид

Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли хониш ба охир мерасад.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов иттилоъ додааст, дар ин рӯз машғулиятҳо дар ҳамаи мактабҳои мамлакат аз рӯи реҷаи муқаррарӣ ва бе баргузор намудани чорабиниҳои «занги камолот» гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб анҷоми  соли хониш аз 25 май ба 7 июн гузаронида шуд. Аз ҳамон сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла сайругашти оммавӣ, зиёфатҳои идона дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои гирифтани туҳфа ба омӯзгорон манъ гардид.

Фармони дахлдор моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба имзо расида буд.

Тибқи фармони мазкур, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузаронидани маъракаҳо бахшида ба «занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11  иҷозат дода намешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли равон 125 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 11 мактабро хатм менамоянд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *