Кинофестивали «Симо» ва филми ҳунарӣ дар бораи Президент
Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» кинофестивали ҷумҳуриявии «Симо» баргузор мекунад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод.
Шоҳиён гуфт, баргузории ин кинофестивал бо мақсади тарғиби дастовардҳои кинои тоҷик хоҳад буд.
Ҳамчунин Шоҳиён ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди банаворгирии филми ҳунарӣ дар бори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ниҳодаш имконияти моддиву техникӣ дорад, ки чунин филмро ба навор гирад, аммо барои ин сенарияи мувофиқ ҷустуҷӯ доранд. Шоҳиён гуфт, ки ба наздикӣ барои дарёфти сенарияи мувофиқ ба филм озмун эълон мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ