Шоҳиён: «Рӯйхати сиёҳ» нест, «Суруди сол» баргузор мешавад

Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол»-ро баргузор менамояд. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод.

Шоҳиён гуфт, ки ин озмун дар шашмоҳаи дуввуми соли равон дар жанри эстрада баргузор гардида тамоми минтақаҳои кишварро фаро мегирад ва дар арафи ҷашни «Меҳргон» ҷамъбаст хоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Кумита қайд кард, ки дар телевизионҳо фаҳмиши «Рӯйхати сиёҳ» барҳам дода шуда, дар ин озмун ҳамаи ҳунармандон метавонанд ширкат варзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *