Кишоварзони минтақаи Кӯлоб барои ду соли оянда озуқаворӣ захира хоҳанд кард

Дар нишасти матбуотии бахши кишоварзии минтақаи Кўлоб ва муассисаи хушзоткунию бордоркунии сунъӣ аслан оид ба ду масъала суолу посух ҷараён гирифт.

Аввало ба он чиз таваҷҷуҳ карда шуд, ки кишоварзони навоҳии Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Кўлоб, Данғара барои гирифтани ҳосили дуюм шароиту имконияти бештар доранд. Масалан, аллакай дар ин навоҳӣ дар 25 ҳазор гектар кишти дуюми такрорӣ гузаронида шуд. Аз кишти аввал ин минтақаҳо ҳосили фаровони ғаллаю тарбуз, мевагиҳо ба даст оварданд. Аз ҳосили дуюм умедҳо калонанд. Дар назар аст, ки кишоварзон дар 461 гектар кишти такрории сеюмро низ хушсифату сари вақт анҷом диҳанд.

Агар дар кишти аввал истеҳсоли маҳсулоти умумии растанипарварӣ 1 миллиарду 183 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳосили дуюму сеюм нисфи ин маблағ ба даст хоҳад омад.

Дар ҳамин ҳол, бояд тазаккур дод, ки аҳолӣ дар зиёда аз 40 ҳазор гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигиашон зироатҳои гуногун коштаанд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки хоҷагидорон албатта дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро иҷро карда, барои ду соли оянда озуқаворӣ захира хоҳанд кард.

Масъалаи дигаре, ки боиси мароқи иштирокчиёни нишаст гардид, ин беҳтару самараноктар гардонидани хушзоткунии чорво буд. Аллакай дар минтақа қариб 3 ҳазор сар чорвои калон зоташ беҳтар карда шуд, ки дар оянда низ он вусъат дода мешавад. Дар ин самт 51 нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фаъолият доранд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *