Кофарниҳон ҷасади модару кӯдакӣ скотчпеч ва 3 тани дигарро берун партофт
Рӯзи якшанбе аз лаби дарёи Кофарниҳон дар минтақаи Кони Намаки ноҳияи Ҳисор 4 ҷасади ғарқшудагонро пайдо кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар байни онҳо ҷасади зане ҳам буд, ки кӯдаки навзодаш бо скотч ба бадани вай баста шуда буд.
Шоҳидон мегӯянд, рӯзи якшанбе, 13 август дар минтақаи Кони Намак ё Хоҷа Конбобои ноҳияи Ҳисор аз лаби дарёи Кофарниҳон 4 ҷасад пайдо кардаанд. Ин ҷасадҳои ғарқшудагонест, ки дар ин минтақа аз об берун шудаанд.
Минтақаи Кони Намак ё Хоҷа Конбобо бо реги табобатиаш маъруф аст ва ҳар рӯз даҳҳо нафар бо нияти табобат ба инҷо омада, худро зери рег мекунанд.
Яке аз онҳое, ки рӯзи якшанбе барои табобат ба Кони Намак омада буд, ба сомонаи «Ахбор” гуфт: «Соатҳои 10 буд ва мо акнун барои худро зери рег кардан омодагӣ мегирифтем, ки хабар омад, ки дар лаби дарё 4 мурда ёфтаанд. Мардум ҳама ба он тараф рафт ва мо ҳам рафтем. Ҷасади ду марду як зан ва як кӯдакро дидем. Моро, ростӣ, даҳшат гирифт, чунки зан урён буд ва кӯдаки навзодаш, ки шояд як ё ду моҳа буд, бо скотч ба рӯи шиками вай баста шуда буд.”
Шоҳидон мегӯянд, баъди чанде кормандони милиса ба ҷои ҳодиса омада, издиҳомро пароканда карданд ва мурдаҳоро бо худ гирифта бурданд.
Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор ёфт шудани «чанд мурда” аз лаби дарёи Кофарниҳонро тасдиқ кард, вале гуфт, то маълум кардани шахсияти онҳо ва ҷузъиёти дигари ғарқ шудани онҳо тафсилоте ҳанӯз дода наметавонанд.
Аммо ёфт шудани ҷасади як зан бо кӯдаки дар баданаш бо скотч басташуда сарусадои зиёдеро дар байни мардум ба по кардааст.
Бархе бо ишора ба мавридҳои афзояндаи бо фарзандонашон худкушӣ кардани модарон мегӯянд, ки ин зан низ шояд якҷо бо тифли навзодаш худкушӣ кардааст.
Вале бархеи дигар мегӯянд, урён будани бадани зан баёнгари ин эҳтимол аст, ки шояд ин занро ҳамроҳи кӯдакаш кушта ва ба об партофта бошанд.
Дар Тоҷикистон дар ин авохир чанд мавриди худкушии занон ҳамроҳи фарзандонашон сабт шудааст. Аз ҳама чунин худкушии пурсарусадо худкушии сокини 25-солаи деҳаи Дӯстӣ (собиқ Қибил()-и Норак Зӯҳро Маҳмадёрова бо 4 фарзандаш дар таърихи 5 феврали соли 2016 буд.
Зӯҳро Маҳмадёрова баъди як таънаи шавҳар, ки ӯ фақат духтар таваллуд мекунад, ҳамроҳи ҳамаи 4 духтараш худро аз болои кӯпрук ба дарёи Вахш афканд. Ҷасадҳои Зӯҳро Мамадёрова ва кӯдакони вай – дугоникҳои дусола Кибриёву Хадиҷа, Маърифати 5-сола ва Рафоати 4-соларо баъди як рӯз пайдо карданд.
Дар моҳи сентябри соли 2014 сокини 23-солаи ноҳияи Вахш Саломат Пирова бо се тифлаш худро ба дарёи Душанбе андохта буд. Худи модарро зинда наҷот доданд, вале ҳарсе фарзанди вай дар об ғарқ шуданд. Гуфта мешуд, ки ин зан дар рӯбарӯи мушкилоти рӯзгор тобу тоқат наоварда, аз ночорӣ ба ин кори мудҳиш даст задааст. Додгоҳ баъдан Саломат Пироваро маризи рӯҳӣ баровард.
Бознашр аз сомонаи Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ