Дуздӣ дар Боғи Мирии Файзобод

Бино ба маълумоти ВКД, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод марди 25-солаи сокини деҳаи Боғи Мири ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 12-уми августи соли 2017, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахси номаълум вориди хонааш шуда, ӯро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташ буда, таҳдиди куштан намуда, аз охирон 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи 1500-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *