Забиаллоҳ валади Нулҳақ бо нашъа дастгир шуд

Чуноне, ки ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Забиаллоҳ валади Нулҳақ, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Чармгарони вилояти Тахор ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ 27 килою 340 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 520 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҷамъи маводи нашъадор 27 килою 860 граммро ташкил медиҳад.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *