Русия: Маоши аз ҳама камтаринро муҳоҷирони тоҷик мегиранд

Бар асоси як назарсанҷӣ, маоши аз ҳама камтарро дар Русия дар байни муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ муҳоҷирони тоҷик мегиранд. Маоши миёнаи тоҷикҳо дар Русия 27 900 рубл будааст, ки аз маоши узбекҳо 1100 рубл, назар ба озарҳо 8 ҳазор ва аз маоши беларусҳо 13 200 рубл камтар аст.

Маркази таҳқиқоти қавмиву сиёсӣ ва минтақавӣ (Центр этнополитических и региональных исследований) бо фармоиши Пажӯҳишгоҳи Мактаби олии иқтисодӣ (НИУ ВШЭ) назарсанҷии густардаеро дар байни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои СНГ ва Гурҷистон анҷом дода, шароити кору зиндагӣ ва маоши онҳоро маълум кардааст.

Бар асоси ин пурсиш, ки моҳҳои февралу март дар байни 8700 муҳоҷир анҷом шуда ва натиҷаҳояшро рӯзи 14 август нашрияи «Коммерсант” нашр кардааст, 70 дарсади муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ дар Русия ба таври қонунӣ кор мекунанд. Ва маълум мешавад, ки маоши онҳое ки қонунӣ кор мекунанд, назар ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳатто бештар аст.

Аз натиҷаҳои ин назарсанҷӣ бармеояд, ки маоши аз ҳама пасттаринро дар байни муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия мардикорони тоҷик мегиранд. Маоши миёнаи як муҳоҷири тоҷик дар соли 2017 дар Русия ҳамагӣ 27 900 рубл, ё ҳудуди 470 доллар будааст. Муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд, боз ҳам камтар – 25 100 рубл маош доштаанд.

Барои муқоиса муҳоҷирон аз кишвари бо Тоҷикистон ҳамсояи Узбекистон дар Русия ба ҳисоби миёна 29 ҳазор маош мегиранд, ки назар ба музди мардикорони тоҷик 1100 рубл бештар аст. Маоши миёнаи мардикорони қирғиз дар Русия 29 300 рубл, ё 1400 рубл бештар аз мардикорони тоҷик будааст.

Арманиҳо дар Русия дар баҳои 31 100 рубл, украиниҳо бо маоши 30 800 рубл, қазоқҳо бо 31 600 рубл, молдованҳо бо 35 300 ва озариҳову гурҷиҳо бо 35 900 рубл маоши миёна кор мекардаанд. Аз байни муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия маоши аз ҳама баланд 41 100 рубл – маоши мардикорон аз Беларус будааст.

Ба сурати умум, маоши миёнаи муҳоҷирон дар Русия 30 100 рубл баровард мешавад, ки назар ба маоши миёнаи муҳоҷирони қонунӣ аз Тоҷикистон 2200 рубл ва назар ба маоши мардикорони ғайриқонунӣ аз кишвари мо дуруст 5 ҳазор рубл бештар мебошад.

Бо онки 30,1 ҳазор рубл маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ назар ба 35,8 ҳазор рубл маоши миёнаи шаҳрвандони худи Русия 16 дарсад камтар аст, муҳоҷирон бештар мавриди истисмор аз сӯи корфармоён қарор доштаанд. Дар ҳоле ки шаҳрвандони Русия ба ҳисоби миёна дар ҳафта 39,6 соат кор мекунанд, яъне қариб 8 соат дар рӯз, муҳоҷирони хориҷӣ дар ҳафта 59 соат кор мекардаанд, яъне ҳар рӯз – қариб 12 соат.

Коршиносони Мактаби олии иқтисодӣ гуфтаанд, Осиёи Марказӣ дар дурнамои наздик ҳамчунон як манбаи асосии муҳоҷират ба Русия боқӣ мемонад ва ҳатто саҳмаш дар таркиби муҳоҷирон дар ин кишвар боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Як мушкили асосии марбут ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия надонистани забони русӣ ном бурда мешавад.

Бар асоси назарсанҷии ахир, танҳо 54,5 дарсади муҳоҷирони узбек ва 62,6 дарсади тоҷикҳо дар ҷои кор аз забони русӣ истифода мебаранд. Ин рақам барои муҳоҷирон аз Беларус 100 фоиз, барои Украина 96, Гурҷистон 92 ва Молдова 91 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар муҳити хона камтар аз ҳама – ҳамагӣ 8,5 дарсад – мардикорони тоҷик бо забони русӣ ҳарф мезадаанд. 87 дарсади тоҷикҳо дар муҳити дӯстони худ низ аз тоҷикӣ ва танҳо ҳудуди 13 дарсадаш аз забони русӣ истифода мебурдаанд.

Як бахши ҷолиби ин назарсанҷӣ нақшаҳои муҳоҷирон барои оянда аст. 35,2 дарсади муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ки мехоҳанд барои доим дар Русия бимонанд. Ин назар ба 19,9 дарсади муҳоҷирони узбек ва 24 дарсади қирғизҳо, ки низ айни орзуро доранд, бештар, вале назар ба 72 дарсади арманиҳо, ё 70 дарсади гурҷиҳо, ки низ қасди зиндагии доим дар Русияро дар сар доранд, камтар мебошад.

Дар айни замон чоряки муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ки мехоҳанд байни Тоҷикистону Русия раванду биоянд. 21 дарсад гуфтаанд, ки як-ду сол кор карда, ба зодгоҳи худ баргаштан мехоҳанд. 11 дарсад алакай баъди чанд моҳи кор дар Русия мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Ва танҳо як дарсади тоҷикҳо гуфтаанд, ки фикри кӯчидан ба кишвари сеюмро дар сар доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *