Кохи фарҳанги Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд (аксҳо)

Ба хотири гиромидошти ёди Олим Бобоев, овозхон ва шашмақомсароии маъруфи кишвар, Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи ӯ гузошта шуд.

Ин қарор 10 сентябри соли 2024 аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд тасвиб шуда, 29 декабр маросими расмии номгузорӣ доир гардид.

Ҳамчунин, ба ин муносибат 29 бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва аҳли адабу ҳунар парда аз рӯйи нимпайкараи Олим Бобоев бардошта шуд, ки он дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гузошта шудааст.

 Барои эҳтиром ба хотири 65-солагии Олим Бобоев, дар Панҷакент конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Олим Бобоев – шашмақомсарои маъруфи кишвар” бо ҳузури олимони тоҷик ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Гулбонги шашмақом” доир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Олим Бобоев (Олими Искандарӣ) 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи ҳунарманд Искандар Бобоев, ки бо тахаллуси Искандари Танбӯрӣ машҳур буд, ба дунё омадааст. Падари Олим, Искандар Бобоев низ яке аз сарояндагон ва устоди машҳури Шашмақом буд, ки сабки хоси шашмақомсароӣ доштааст.

Олим Бобоев соли 1975 мактаби миёнаи №3 – ро бомувафакият хатм намуда, ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад.

Дар донишкада зери роҳбарии устодони мусиқӣ Барно Исҳоқова, Нерё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон дониши хешро пурратар менамояд. Ҳамчунин Олим Бобоев дар назди ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аҳмад Бобоқулов аз рӯи ихтисоси яккахонӣ дарс гирифтааст.

Пас аз хатми донишкада, бо роҳхат ба Филармонияи давлатии Тоҷикиситон дар гурӯҳи фолклори этнографии «Ганҷина» ба фаъолият шурӯъ менамояд. То моҳи августи соли 1989 дар ин боргоҳи ҳунар кор ва эҷодиёти худро сайқал дода, ба дараҷаи овозхони касбии олӣ ноил гашт. Олим Бобоев чандин муддат дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ фаъолият дошт.

Олим Бобоев дар чандин фестивалу озмунхои хориҷи низ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар ҷодаи фарҳанг дар сатиҳи ҷаҳони муаррифӣ намудааст. Дорандаи унвони «Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ», «Аълочии фарҳанг», гирандаи ҷоизаи фестивали «Зарбҳои шарқи Австрия 1988», Таронаҳои халқҳои ҷаҳон — Тунис 1991, фестивали мусиқии шарқ Фаронса 1999, дорандаи ҷоизаи байналмилалии Таронаҳои шарқ Ӯзбакистон 1998, Иштирокчии ЭКСПО Олмон 2000 ва ғайраҳо мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд: Адиба, Зайнура, Шамима, Нусратулло ва Искандаршоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *