«Коммерсант»: Жириновский сироят ёфтанашро аз коронавирус ду ҳафта пинҳон кардааст

Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский тӯли ду ҳафта пайиҳам пинҳон доштааст, ки ӯ ба коронавирус гирифтор шудааст.

Дар дафтари марказии ҲЛДР ба кормандон гуфтааанд, ки вакил барои пешгирии сироят аз штамми “омикрон” тасмим гирифтааст муваққатан ба карантини хонагӣ рафта, ба таври фосилавӣ кор кунад. Аз ташхиси ӯ танҳо як доираи маҳдуди одамон, аз ҷумла нигоҳбонҳои шахсӣ, ёрдамчиён ва сардори дастгоҳ хабар доштаанду бас. Дар ин бора «Коммерсант» бо такя ба як манбаи худ иттилоъ додааст.

Тавре расонаи дигар — “Комсомолская правда” ёдовар шудааст, рӯзи 9-уми феврал маълум гардид, ки сиёсатмадори 75-сола Владимир Жириновский ба таври таъҷилӣ дар Бемористони марказии клиникӣ бо бемории коронавирус бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки шуши ӯ 50-70% осеб дидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *