Ноҳияи Рӯдакӣ: Вохӯрӣ дар қисми ҳарбӣ

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар қисми ҳарбии 15018-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир гардид.

Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ, масъулин бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин бо мақсади таҷлили ҷашни 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тасмимро амалӣ намудаанд.

Зимни вохӯрӣ масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, ҷавонон — фардосозони Тоҷикистони азизро ба муносибати ҷашнҳои дарпешистода самимона шодбош гуфтанд, — меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *