Асрорзода ба занҳои олим барои ҳимояи рисолаи илмӣ то 40 000 сомонӣ медиҳад

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон занҳое, ки рисолаи номзадии худро дифоъ мекунанд, бо 20 000 сомонӣ ва онҳое, ки докторӣ ҳимоя мекунанд, бо 40 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Убайдулло Асрорзода, ректори ин муассисаи олӣ зимни нишасти матбуотӣ итттилоъ дод, ки ҳадаф аз ин ташаббус дастгирӣ ва ҳавасмандии бонувон аст. “Мо мехоҳем, ки дар баробари мардон, сафи олимони донишгоҳ аз ҳисоби занҳо бештар гардад. Ин дастгирии молиявии раёсат имкон медиҳад, ки бонувон рисолаҳои илмии худро саривақт ва босифат ҳимоя намоянд. Ба мардон ҳам барои ҳимояи корҳои илмӣ шароит фароҳам овардем ва ҳавасмандии молиявӣ сурат мегирад. Айни замон чанд устоди донишгоҳ барои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ба Русия фиристода шудаанд. Хароҷоти онҳоро раёсати донишгоҳ бар зимма гирифтааст”,- таъкид дошт ректори донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки ҳоло иқтидори илмӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорит Тоҷикистон 50 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, Убайдулло Асрорзода барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ 4 автобус дастрас намудааст, ки ояндаи наздик ба истифода дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *