Дипломи “Вазири сол” ба дасти Ҷамолиддин Абдуллозода расид

Имрӯз, 10-уми феврал дипломи «Вазири сол» якҷо бо туҳфаҳои хотиравии нашрияи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим гардид.

Зимни супоридани диплом Усмон Раҳимзода, муовини сармуҳаррири нашрияи “Тоҷикистон” гуфт, ки «номинатсияи “Вазири сол” дар қатори яке аз бахшҳои пурбаҳси “Рейтинг — 2021” буд. Зеро рақобати аслӣ миёни ду номзад — вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ба мушоҳида мерасид. Гоҳ-гоҳе онҳо дар сабқат аз якдигар пешу қафо мегузаштанд. Баъзе респондентҳо ишора мекарданд, ки Ширин Амонзода бояд дар “Рейтинг — 2021”ғолиб бошад. Зеро, ҳамчун як нафар зан кори вазнини роҳбариро ба зимма гирифтаву то ҷойи лозима фаъол ҳам ҳаст. Вале гуфтугузорҳо аслан атрофи номи Ҷамолиддин Абуллозода мечархиданд. Респондентҳо аз ӯ як нафари ҳирфаӣ, пуркор ва ботаҳаммул ном мебурданд, ки дар давраи ҳассоси коронавирус ба курсии вазирӣ омадаву тавонист барои таъмини саломатии сокинони кишвар саҳм гузорад”.

Гуфта шуд, ки ҳамин тариқ, дар ин бахши “Рейтинг — 2021” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода соҳиби 17386 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 12471, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1558 овоз гардида, Ҷамолиддин Абдуллозода ғолиб дониста шуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба онҳое, ки ба ҷонибдориаш раъй доданд ва ӯро “Вазири сол” интихоб карданд, сипосгузорӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *