Хуҷанд: Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фаъолият оғоз кард

Имрӯз, 10-уми феврал дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар заминаи иншооте, ки беш аз 15 сол фаъолият намекарду вайрону валангор буд, таъсис дода шудааст.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки аз шумораи умумии кормандон наздики 80 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, сехи истеҳсоли ҳасиббарорӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтаёр, қаҳвахона ва дорухона вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *